Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 428 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳоло ҳеҷ гап не, – аз нигоҳи Ромиз рамуз гирифта гуфт ў.
— Не, маълум, ман фарёди ўро шунидам, – ба забон омад Ромиз.
Занак бо тааҷҷуб ба рўи ў нигарист. Магар ошуфтагие дар чеҳраи ў хонд, ки гуфт: «Осуда бошед, хуб шавад»... ва бархеста дилу бедилон хабаргирӣ рафт ва зуд баргашта «Писар муборак!»
гуфт. Вале Ромиз бовар накард, ки занак боло набаромада, ба хурсандии ў чунин гўяд. Ромиз чизе нагуфта, ба рўи занак карахт нигоҳ карда истод ва баъде ки занак такрор кард: «Писар муборак!» ташаккур хонд ва бедор шуда пурсид:.«Рост?»
— Рост, – такрор кард занак, вале Ромиз надонист, ки чун аз дар баромад. Аз магазин шир харид ва тез хона рафта, оташбасарро даргиронда, оташашро тез кард ва хона даромада, китоби Рўдакиро гирифта андармон шуда то баромад, ки шир дамида, рехта, дар таҳи он як пиёла барин ҷўшида, қиём гаштааст. Оташбасарро хомўш карда боз сўи магазин тохт, вале шир тамом шуда буд. Ў ба чунин корҳо балад набуд, надонист чӣ кор бикунад. Ба кулинария даромад ва чизе, ки номашро тарҷима карда, мулоимхунук (холодес) монда буданд, харида ба коғаз печонд ва як банка мураббои олуболую печене харида башитоб сўи таваллудхона рафт.
— Чӣ, шумо занатонро нағз надида гирифтед? – коғазпечро кушода пурсид занак.
— Барои чӣ?
— Кас ба занаш душман бошад, ин хел чизро меорад, – мулоимхунукро дар назар дошта гуфт ў.
— Узр, аз нофаҳмӣ, – сурх шуда гуфт Ромиз.
— Ягон занак нест?
— Ҳаст, лекин ман ба он кас гап назадам...
Ромиз ба Хола-мулло гап назад, лекин ба ин хел корҳо ақлаш ҳам намерасид. Зеро Саида кўдакҳои аввалро дар деҳа назди модар зода, ба Ромиз чандон ташвиш наоварда буд. Аз ин рў имрўз ҳисобашро гум кард. Фаҳмид, ки ҳамаи ин душвор будааст, донист, ки зиндагӣ ташвишҳои пай дар пай доштааст ва ҳамаашро якбора пешкаш намекардааст; ташвиши тифлӣ дигар будааст, ташвиши ҷавонӣ дигар будааст ва албатта ташвиши пирӣ дигар:
муҳиммаш ҳамин, муҳиммаш, ки касро давлати пирӣ бошад; дар тифлӣ ва ҷавонӣ ба ҳар тариқе бошад, зиндагӣ бигзарад; қувват ҳаст, мадор ҳаст, вале дар пирӣ ин чиз нашавад ва дар зиндагӣ пире набуда, ки орзуи ҷавонӣ накунад. Одамӣ ҳамроҳи худ ташвишҳо оварад. Ташвиши овардаи ў ташвишҳо зояд. Рўзгори сода мураккаб гардад...

пешина
аз 428
навбатӣ