Сорбон. куллиёт. Ҷилди 4

«Аз даҳанат бод барад!»
Актёр як қад парид аз садои ғайб.
Ромиз роҳи Гулгашти Ҳофизро пеш гирифт. Ҳама хаёл, фикр ва андеша аз сараш дур, фақат дар гумони он, ки Ҷаҳоноро дар паси кадом буттаи Гулгашт ўро чашмдор аст ва омаданашро дида, худро ниҳон созад, то ҷавонмард чун ҷўё шавад. «Хаёли бозиҳои кўдакона». Ромиз алҳол ҳамин қадар ангошта тавонист. Ва боз гумон дорад, ки Ҷаҳоноро аз ў ранҷидааст – барои рўзи имтиҳону қабули моноспектакл ўро хабар накарданаш. Шарм дошт, ки ҳоло чӣ шавад? Рўзи намоиши аввал албатта хабар мекунад... Аз пас садое омад, ки рўзи боронии аз бўрёкўбони Соҳиб баргаштанаш шунида буд. Садои ошно, садои ҷонбахш, гўё ин оҳанг ба гўшҳояш мисли сурб рехтаанд. Ў якбора барнагашт, ки ин оҳанги гувороро қатъ нагардонад, балки гўш ба садо дода, оҳиста-оҳиста мерафт.
«Муборак шавад, Ромиз!»
Ромиз бозистод ва баргашта ба ў нигарист, вале сухане наёфт, то бигўяд. Ба чашму рўи ҷавонзан нигарист. «Наход, ки дили ман рост гуфта бошад, ки ту маро нигарон мешавӣ?»
— Лаббай? – садои дили ўро шунидагӣ барин рў овард занак.
— Мегўям, ки шумо дониста омадед ё...
— Чиро?
— Нигарон будани маро.
— Медонед, ки роҳам ҳамин, – хандида гуфт Ҷаҳоноро.
— Фидои роҳатон!
— Гуфта будам, ки ба шумо чунин гапҳо нозебо...
Ромиз ба хаёл рафт.
— Бубахшед... Дар хона маро нигаронанд... Ягон вақт...
— Фардо! Фардо ҳамин вақт шуморо нигарон мешавам!.. Фардо! – гуфт Ромиз баччагон барин ва бо умеде, ки фардо ўро боз бубинад, баъди ба ҳавлӣ даромадани занак дилкашол баргашт.
... Ромиз Саидаро дар хона пайдо накард, аз ин чиз хафа ҳам нашуд, зеро медонист, ки ў як ҷои рафт дорад ва он ҳам осуда ва дилпур. Хеле рўи ҳавлӣ қадам зад ва аз дер омадани Саида парешон шуда, дари соҳибхонаро кўфт.
— Салому алайкум!..
— Шумо чӣ хел шўй, гардам, – ба саломи Ромиз алейк нагуфта вағғид Хола-мулло. – Шўй ҳам ҳамин хел мешудааст-дия, муллоҷон?
— Кор буд, Хола-мулло...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо