Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Хислати одамӣ ҳамин, худаш месозад, мепарастад, вале ба вайронии он ҷуръат намекунад. Ба назар чунин мерасад, ки аз байни ҳамаи онҳо бой зиндагиро хубтар фаҳмидааст ва роҳи зиндагиро хубтар медонад. Вай медонад, ки кас мемурад. Вай ҳам аз мурдан метарсад, вале барои ў як рўз ҳатто лаҳзаи вопасин ғанимат ва ширин аст. Вай мехоҳад зиёдтар умр бинад ва ҳамаи чизу чора аз они вай бошад ва дар ҷое, ки барои ў ҳиссаест, дар вақташ ҳозир шавад.
Алибек лаҳзае сабр карда натавонист, ҳатто тоқаташ намонд, ки ҳамроҳи мардум якҷоя равад. Рост ба хонаи мулло омад. Аз дур бўй кашид. Боз наздик омада, дароз-дароз нафас гирифт, ба димоғаш бўйи пору расид, вале боумед пеш мерафт. Ба дари домулло расиду истода нафасашро рост кард, баъд дурусттар ҳаво кашид. Ин дафъа бўйи поруи гарм ба димоғаш расид. Дарвозаро кушода сар хаст ва сурфида даромад, ки домулло ҳамроҳи зан дар ҷувол пору меандозанд.
— Ассалому алайкум.
— Ваълайкум. Ҳа, бой, ҳама баофият? Тўмор-пўмор лозим шуд?
Бой ба гапи ў эътиборе надода ба чор тарафи ҳавлӣ, ба айвону ошхонаву танўрхона нигоҳ кард, пас табъаш хира шуд.
— Ба шумо чӣ шуд, бой?
— Ҳамин хел, чанд вақт боз шуморо надида будам, як сари қадам даромадам, ки...
— Хуб кардед...
— Хайр, дидам ҳамин...
Бой аз дари дарвозаи мулло баромаду «аз мулло чиз мерўяд?»
гуфта, ҷониби кўча тохт. Кўча мисли лонаҳои тирамоҳӣ бекас буд.
Мардҳо хама ба тўй рафтаанд. Бой ба кадом тараф тохтанашро надониста ба ҳар тараф қадам мемонд. Ҳамин вақт як зани ҷомаи сиёҳпўш сарашро печонда аз кўча мегузашт. Бой тохта ба назди ў рафт.
— Хуҳарам, тўйхабарчӣ ба хонаи кӣ равед гуфта, хабар дод?
— Ба хонаи Алибекбой... – ҷавоб дод зан ва тез гузашта рафт.
Бой ҳайрон шуд. Нафаҳмид, ки Алибекбой кист? Боз аз қафойи зан тохт.
— Хуҳарам, кадом Алибекбой?
— Алибекбойи судхўр ҳаст-ку, писарашро тўй кардааст, – гуфт ў ва гашташро тезтар кард.
Чашмони бой чашмони гови ҳароммурда барин аз косахонааш ҷаста баромаданд. Боз тоқат наоварда тезтар гашту аз занак пурсид.
— Хуҳарам, росташро гўй...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё