Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Духтарам, дидам, ки хоб нарафтаӣ, омадам, бетоҳ ўмоч карда будам, аввал сер гуфта наовардам, ба хаёлам, ҳозир гушна мондӣ.
— Ташвиш кашидед, миннатдор!
— Ташвиш не. Ягон кор барояд, гуфтан гир. Аз дастам ояд, мекунам.
— Миннатдор, гоҳ-гоҳ ба ҷойи модарам омада истед, мешавад.

10

— Чаро рафтӣ? Ба ту мегўям, чаро? Лаънатӣ, устоҳоро ҳақорат кардӣ, барои чӣ рафтӣ? Туро кӣ гуфт, ки ба чунин корҳо ҳамроҳ шавӣ?!
— Дилам ба шумо сўхт, рафтам.
— Ҳо маккора, дилат ба ман сўзад, шарманда мекунӣ?
— Шўйи вай шуморо куштанист...
— Чӣ? Кӣ маро мекушад?
— Шўйи оқсаққол.
— Ту девона шудаӣ!
— Ман хоб дидам.
— Аҳмақ!
— Ҳа-ҳа-ҳа, барои як ҷанахс?
— Даҳонатро пўш, девонаи худо!
— Ҳар зан шарафашро надорад, мисли вай мешавад, вале ман барин девона шуда наметавонад. Вай оламро олонда, номи туро сиёҳ кунад, ба ту маъқул? Марҳамат! Лекин пеши маро надор.
— Девона шудаӣ!
— Ту дар ҷойи ман бошӣ, девона намешавӣ?
— Бас кун! Девонаи худо.
— Ҳамсояҳо пиқ-пиқ аз пасу пеш ханданд, чӣ хел мешавӣ?
— Ба даҳонашон мана ин хел...
Аз зарби дасти ў Муаттар ба кундайи ток бархўрд. Назир мотосиклашро савор шуда рафт. Гоҳе ки мотосикл аз тангкўча мебаромад, нури чароғҳояш ба девори нимбуди хонаи Ҷавлон бархўрд. Назир мотосиклро ба роҳи калон баровард ва чароғашро хомўш карда, хеле интизор шуд, ки шояд Ҷавлон аз сари девор нигоҳ кунад.
Ҷавлон пиразанро гусел карда, дар бистар дароз кашида буд, садои мотосиклро шунид, вале аз ҷояш нахест. Пас аз хеле фурсат, аз паси девор сурфаи марде баромад. Боз сурфид. Ҷавлон хеста

  1. Ўмоч – таом, хамирро мисли нахўд лўнда карда, дар оби чўш пазанд ва мост ё чакка омезанд.
пешина
аз 393
навбатӣ