Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Бо ман мусобиқа мекунад» аз дил гузаронд оқсаққол ва гузаро шуд.
— Дидед? – аз ёрмуҳаммад пурсид ҷавон, вале ҷаВобе нашунид.
— Ту кай хона андохтанӣ?
— Намедонам. Андак қоматамро рост кунам.
— Агар хоҳӣ, хишт мерезем. Аз кор омада лой мехобонем.
Субҳдам хеста ё хишт мерезем ё похсадевор мебардорем. Баъд якҷоя рафта чўбу тахта оварда болояшро мепўшем.
— Ман барои чўб пул надорам. Модари бегона ҳамин-дия.
Падарам мурд. То ман аз аскарӣ омадам, ки ҳама чизро хоку туроб кардааст.
— Додарам, дунё кирои хафа шудан надорад; кироӣ ҷон коҳондан ҳам намекунад. Мову ту чанд сол умр мебинем, ки ҳамонро ҳам бо азобу машаққат гузаронем? Фақат гўй, ки хона лозим.
Дар рўйи замин чӣ бисёр, сангу чўб... Мебинӣ, аҳволи ман аз ту бадтар. Хайр, як кўрпаи тагу як кўрпаи рў зиёд. Тобистон-ку, ба ҳардуямон мерасад... Мойиндарат шў кардааст, рост аст?
— Рост будагист-дия! Занҳо ҳозир комилҳуқуқ.
— Мардҳо чӣ?
— Мардҳо мурд шудаанд.
— Медонӣ-чӣ?..
Чизе гуфтанӣ буд натавонист гуфтан. Зеро ҳарфи аскарбачча ўро таъна расид. Ҷўшиду хурўшид ботинан, вале писаракро чизе нагуфт, ки шояд чунин андешаҳоро надошта бошад…
— Медонӣ-чӣ? Ман бояд бригадирро кушам.
Писарак ҳайрон шуд, ки андешаҳо дигар буд ва чаро ў якбора ба тангкўчаи дигар рафт:
— Ман ба ҷойи шумо бошам, куҷое бинам, аз наздаш хандида мегузарам.
Ту ҳоло ҷавон ҳастӣ, дар одам номус ҳаст, мардӣ ҳаст. Лекин ман аз рў чизе намегўям, ки оқсаққол барои ман шуда бригадирро задааст, нагўяд. Ман ҳам метавонам аз магазин ду куртаи тоза харида, об ба об пўшам ва ба назари баъзе занҳо озода намоям, вале мардӣ, одамгарӣ дар либоспўшӣ нест. Ман ҳамин қадар мефаҳмам, ки одамро фаҳмидан кори осон набудааст... Меравӣ?
— Гараж равам канӣ, укои раис ягон ҷо наравад, мошинро ман ҳай мекунам.
— Чӣ хел? Мошини алоҳида надоданд?
— Не. Алҳол ҳамроҳ.
— Ин хел бошад, рафта санг майда кун.
— Аввал гараж равам-чӣ.
Аскарбачча ба роҳ баромад. Мотосикли бригадир ба маркази колхоз равон буд. Назди ў омада, каме суст шуд. Аскарбачча гумон кард, ки ўро савор мекунад, вале овози мотор баланд шуд ва «пат-пат» карда рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё