Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Баъди он ки Ёрмуҳаммад охирин путкро ба сари санг зад, аз кори имрўзааш ҳангаш канд; чашмаш сиёҳ зад, ки ин қадар сангро чӣ тавр шикастааст. Каме ба дастаи сангшикан вазн андохт.
Нафасашро рост карда, кўзаро аз зери бутта гирифта, қултҳои охиринро хўрд, дастаи путкро аз дастаи кўза гузаронд ва ба китф гузошта, мисронро ба дасти чап гирифт, вазнин-вазнин қадам гузошта, сўйи деҳа рафт. Дар назди рахнаи боғ ҷавони аз хизмати ҳарбӣ омадаро дучор шуд.
— Ако, рафта аробаатонро гиред.
— Кӣ гуфт?
— Худам.
— Вай аробаи ман не.
— Ман дигар кор дорам. Дар аскарӣ мактаби шофёриро тамом кардам, на аробакаширо.
Мошине ду чароғи хурдро фурўзон карда омад. Ёрмуҳаммад даст бардошт ва пурсид, ки вақт дошта бошад, санги ўро биёранд.
Шофёр сухани ўро рад накард. Аскарбачча ҳам ҳамроҳи ў ба ёрӣ рафт.
Ёрмуҳаммад девори боғро гардонда, ба шофёр фаҳмонд, ки сангро дар пали алаф резад. То дами субҳ садои ба бордони мошин бархўрдани санг мебаромад.
— Ако, акнун аробаатонро мегиред. – Пас аз рафтани шофёр хоҳиш кард аскарбачча.
— Додарам, то калонҳо нагўянд, намегирам.
— Ман ба бригадир мегўям. Агар ёрии ман лозим бошад, беибо ҷеғ задан гиред. Имсол ман ҳам хона пўшонданӣ.
— Хайр, додарам, раҳмат....
7
— Назир, ман бовар намекунам, ки шумо ўро мегиред.
— Беақлӣ накун!
— Охир чаро вақти муҷаррад буданатон ўро нагирифтед?
— Бас кун!
— Не, акнун бас не. Ҳарфҳое, ки одамон ба ман мегўянд, ба шумо ҳам мегўянд. Ба ман ҳамаашро гуфтанд, бовар накарда худам кўча баромадам, ки бинам... Фақат ман аз аробакаш метарсам.
— Чӣ?
— Метарсам, ки ў ягон бало накунад.
— Аҳмақ, аз дасти як марди фисин чӣ меояд!
Назир мотосиклро даргиронд, тела дода аз дарвоза баровард ва савор шуда рафт.
Чашмони Муаттар аз паси ў тофта монданд. Ў бодиққат гўш дод, ки садои пат-пати мотосикл дар назди дарахти чормағз каме суст гардид ва якбора баланд шуда ба роҳ даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё