Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Рост мегўяд раис, замона дигар шуд; боз дигартар мешавад…
Тағйиру иловаҳо ҳам аз ҳамин гуна талабот ба миён омад. Мо то кай миёни кўҳҳо пинҳон мешавем? Бояд бо мардуми олам баробар бошем, баччаҳомон хонанд, дунёро бифаҳманд. Дар ҷойи дигар ҳам гуфтам, ки Халил ҳар роҳгузарро нону ҷой медод, Одинаев бо як фуфайка мурд… Лекин шумо медонед онҳо чӣ касон буданд! Чӣ хизматҳо карданд. Замон мегузарад, кори кардаатон мемонад…
Дар Чилдара низ сўҳбат чунин қўр гирифт. Ҷилави корвон пас гашт ва меравему меравем; кўҳҳову кўҳҳо. Шаб дар торикӣ он ҷойҳоро хуб надидем, аммо ҳоло сақфи мошин пастӣ мекунад ва касро олуғда мегардонад, ки дар ҳамин фазойи кушоди дарайи азим, ки ба назар аз Замин гаронвазнтар метобад, дили кас ба танг меояд; аз ҳавойи тамошойи носерами чунин олами зебо. Аз бардорузани мошин ва гоҳ ба чашм намудану гоҳ гурехтани манзараҳо гаранг мешавӣ. Пиёда бошиву чун ҷонваракони даруни беша гардӣ ва ё чун он уқоб бар ин саройи сабз парвоз кунӣ. Биҳишт ваъда надиҳанд, ин ҷойҳоро обод кунанду созанд, то ҷаҳониён омада бинанд, ки биҳишт чӣ гуна мешавад… Ва шайтон, ки дар ҳамин ҷо ҳам роҳ ёфтааст, вайрониҳо шудааст.
Саҳни кушоди пушти бинойи мактаб фарох ва фарохтар аз он мавқеи деҳа; гўё дарайи тавил дар ин ҷо сарсинайи хешро мекушояд ва осмонаш низ васеътар мегардад:
— Агар шумо ягон гуфтанӣ доред, бигўед!
— Раис, хуш омадед бо ҳама меҳмонҳо! – пирмарде қомат рост карда, ба сухан даромад. Сайдулло Хайруллоев «мешиносам ўро»
гуфта табассум кард. Ва пирмард афзуд: – Мо медонем сабаби омадани шуморо. Ин кори шуданист. Лекин арзи моро низ гўш кунед: Якум, хати телефон нест. Баройи духтур файрод кардан, медонед, куҷо меравем? Худди… Дуввум, телевизор тамошо карда наметавонем. Чӣ мешуд, ки ба ин корҳо мадад мекардед!
— Ин чиз дар назар ҳаст. Вазиров ҳам медонанд. Лекин, мўсафед, медонам баройи чӣ телевизор мепурсӣ; занакойи хушрўро нигоҳ мекунӣ.
— Не, Раис. Занакора нигаҳ намекунам.
Ва баъд суханҳо гуфтанд; ҳам ба ҷойи сипосу ҳам арз. Хайруллоев ҷамъбаст карданд:
— Ин мўсафед, ки шўхиш мекунам, бист сол дар Данғара кору ободонӣ кардааст… Сарвари хоҷагийи деҳқонӣ гап зад, суст чапак задед, лекин вақте ки муаллим суханронӣ кард, сахт чапак задед.
Зеро муаллимро хурду бузург медонед, вале бо сарвари хоҷагӣ кам сару кор доред. Дидед, хизмат чӣ қадру қурб дорад?… Меҳмон меояд, гуфта ҳамаатон дари хонаатонро об зада рўфтед. Чаро ҳар пагоҳу бегоҳ дами дарвоза ва кўчаатонро об зада рўфтан мумкин набошад? Ин корро такрор кунед, расм мешавад ва баччаву набераатон ёд мегирад. Зиндагонӣ ҳам чунин аст: ҳар коре шумо калонсолон бикунед, хурдон меомўзанд.

пешина
аз 393
навбатӣ