Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зери пардайи сапедадам, ки шом ин ҷо торику он ҷо рўшанӣ дошт; ин субҳ аз он тараф шафақ медамид. Офтобнамо аз паси кўҳи баланд девори бўррангро мемонд; осмон низ бўрранг буд.
Дар тори сари манзил як кўҳи баланди хуштарҳ метофт, ки бо даст сохта бошанд; шахҳойи ба мартаба пасту боло маконро шукўҳ мебахшид.
«Кўҳи Тамара!»
Соҳибхона офтоба дар даст, ба дастам об рехта ва таваҷҷўҳамро пай бурда фармуд ва ман аз миёни панҷаҳо рехтани обро бознадошта ба ў нигарон мондам:
— Чӣ хел «Кўҳи Тамара?»
— Тамара: босмачиҳо меоянд, як зани рус ин ҷо умр ба сар мебурдааст; кофир гўён дошта озор доданӣ мешавад ва зан гурехта тори он кўҳ мебарояд ва худро ба зер андохта мемирад.
— Тавбааа… Дурўғ ҳам ба эбаш. Босмачӣ дирўз – аввали аср гузашт. Ин кўҳ аз азал вуҷуд дорад. Чӣ хел Кўҳи Тамара шавад?
Пеш аз он ягон ном доштагист?
— Ҳааа-а… Кўҳи Хоҷа Абдушаҳид, дар офтоббаро будааш мазори Хоҷа Абдуратил, онаш – сўйи шимол, Ҳазрати Шоҳ…
— Не-не! Аз арабҳо низ пештар бояд ин кўҳҳо ном дошта бошанд…
— Инашро намедонам… Агар китобдорҳо надонанд…
Хомўш монда ба манзараҳойи Худованд офарида менигарам:
«Мулки Худо» мегўям дар дил ва ба андеша меравам, ки ин қадар маконҳоро мазор кардаанд, ба кадом тараф рў гардонда шиштанро намедонӣ. Худоё, ин қадар шўҳратпарастанд чунин касон, ки дар «Водийи Хомўшон» хуфтанро ор донистаанд. Шояд ў «китобдор»
гуфта чунин касонро дар назар дошта бошад.
Ҳааа… Худованд донад чӣ кор карданашро. Агар дар чунин макон дўзах меофарид, касе манзил нагузида буд ва нафаре дар роҳи машаққат наомада буд. Биҳишт офаридааст, ки ҳам манзилу макон кардаанд ва ҳам меоянд.
«Агар Фирдавс дар рўйи замин аст, Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.»
— Асалпарвар ҳам ҳастед? – қуттиҳойи зиёди болодасти ҳавлийи фарохро дида мепурсам.
— Зиндагӣ… кам-кам ба худ меоем…
Ва ҳоло Хуршед сар аз қулла боло накардааст. Бо миннатдорийи зиёд аз дарвозайи хурди ў бурун меоем ва кадбону шарм дошта мегўяд: «Ин вайрониҳоро ба ободиҳо набаред… Ягон камӣ гузашта бошад, узр…»
Ҳарчанд мо таърифу бардор мекунем, ки хуб буд, хиҷолат аз дили ў намеравад.
Хуршед дамид. Вале ҳоло дар паси кўҳ буд. Сояйи кўҳ шаҳракро тираранг менамуд. Ва меҳмонони болидарўҳ, ки дар иқоматгоҳашон шамидани чунин ҳаворо орзу мекунанд, дар кўчаҳойи шаҳрак сайру гашт доранд.

пешина
аз 393
навбатӣ