Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҷавони хушқомати фатиламўй, ки Пушкинаш ном ниҳода будем, ҳамроҳи ҳамдиёрон сари пул моро пазиройӣ карданд бо нону намак. Ў раиси ноҳияйи Тоҷикобод Сиҷоуддин Исроилов буд.
Ва бурданд моро ба меҳмонсаро, дигар чизеро ёд надорам ва чун баргаштанд аз вохўрӣ, маро дар мошин дарёфта духтур хостанд.
Сардухтури ноҳия Одинаев набзу фишори маро чен карда бурд ба хонааш. Ҳамроҳи Усмон. Маро дард набуд, андаке нороҳат будам ва оромиву осудагӣ мефорид. Ба ҳолам нигоҳ накарда ба ҳавливу ҳарами духтур менигаристам, ки марди хоҷагидор, рўзгордўст ва меҳмоннавоз будааст, ки Раис дар борайи чунин касони Раштонзамин мегуфтанд. Дар хонае рахти кўрпа то шифт; ҳама ҷилдпўшу рўкаш дошт, тозаву озода буд ва кўрпаву кўрпачаҳо қадкаш рахт задагӣ. Маро ҷойгаҳ оростанд ва ду ҳаб аспирин доданд, то арақ карда, кушода шавам. Вале хеле мехостам дар сўҳбати депутатҳо бошам; зеро ҳаёти аҷиб доранд, корашон низ аҷиб ва дар борайи якдигар нақлҳойи ғариб мегўянд; ба вижа аз нимшаҳриву нимрустойие ё «чала». Пас рўзноманигорон, аксбардорон ва наворбардорон омаданд. Саъдуллойи ҳоҷӣ, ки зиёда аз сӣ сол ҳамдигарро мешиносем, бо ҳамкорон омаданд. Хона, айвони барқад ва хонаҳойи дигар пур аз меҳмон шуд. Маро иштиёқи сўҳбат, хўрок ё мақоми дигаре набуд. Бояд як шаборўз гушна гардам, то ҳама дарду ноҷўрӣ рафъ шавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Саҳар гул барин сабуку барўҳ будам, аммо аз хўрдан худдорӣ кардам.
Аз сари хони неъмат канортар нишастам…
Тавилдара (тавил – дароз, тўлонӣ; аз дуобайи Сурхобу Хингоб то саргаҳи дара 205 км.). Мошини мо пешгард ва Мухтор дар марзи ҳар ноҳия моро ба дигар мошин мехонад; ману Усмонро.
Ба мошини райиси ноҳия Миралӣ менишинем, худи ў бо мошини Раис меравад. Зокир Вазиров соҳиби ин мулк, ҳама ҷоро нуқта ба нуқта медонанд, Сайдулло Хайруллоев ҳам. Бо мани бори аввал омада чунин касон бояд ҳамроҳ бошанд, ки мавзеу макон ва дараву русторо бо номи асливу маҷозиаш фаҳмонанд. Роҳ ноҳамвор, бардору занаш бисёр. На хоб мебарад дар ин роҳ ва на роҳат мекунӣ.
Аммо манзараҳойи зебо; дараву кўҳҳойи варақ-варақи китоби ранга касро аз ҳамагуна ташвиш, озор, хастагӣ ва фикру андеша мераҳонад. Фақат мошини кўҳгарди сақфу бомаш паст халалгор мешавад, ки вусъату паҳнойи кўҳҳоро бубинӣ. Ҳавсала надошта бошӣ ҳам, бо шавқу завқ тамошо мекунӣ, ки чунин манзараҳойи дар ягон филми тоҷикӣ надида, дар ягон китоби адиби тоҷик нахондаро бори нахуст тамошо мекунӣ; бори дигар насиб кунад ё на? Ганҷи бебаҳо. Ганҷи кўҳистон танҳо андаруни синааш на, дар сарсина ва рўйи он ҳам мешудааст. Зумуррад ё ёқути сабз. Баъзе номнавиштҳойи сари роҳро хонда, пай мебарам ё дармеёбам, ки номи қадима ва ё чӣ маънӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор