Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Дар Чин будам. Ле Пен пазируфт. Баъди мулоқотҳойи расмӣ тамошо ҳам бурд. Лаби баҳр бурд. Мардум ба сони тулену делфин буданд. Онҳо дар халтаҳо оби зарду талху гилолуди баҳрро пушторакаш оварда дар канори баҳр мерехтанд ва пал бардошта шолӣ мекориданд… Меҳнатро бинед, заҳматро бинед! Мо чӣ кор мекунем? Хушамон намеояд, ки дар обу хоки тайёр кор кунем…
Баччамонро Росия мефиристем… Росия рафта доно мешавад?
Олим мешавад? Мартаба мегирад? Не! Боркашӣ мекунад. То меояд, ки пулро роҳзанҳо мегиранд ва ду даст дар бинӣ меояд. Ё нодуруст мегўм?… Чанд мурда оварданд? Ҳисобашро намедонед.
Мо бо чунин роҳҳо мамлакатамонро обод карда метавонем? Не албатта! Росияро ҳам обод карда наметавонем. Дар дасти ягон ҳаннот меафтанд баччаҳо ва меҳнаташон ройгон меравад… Мо бояд ин ҷоро обод кунем. Тоҷикистон дигар мамлакати ҷангзада нест, обод шуда истодааст, тараққӣ карда истодааст. Баройи ободонийи Ҷумҳурийи мо аз ҷониби банкҳойи хориҷӣ нўҳсад миллион доллар ҷудо карда шудааст. Ин пулро бояд истифода бурда тавонем. Заводу фабрикаҳо бояд кор кунад; мардум беҳуда нагарданд. Меҳнат кунанд. Ман қасдан сахт мегўям, ки шуморо таъсир кунад. Бо риш панҷа задан кор пеш намеравад, хешони азиз… Саволҳо ҳаст?! Агар не, саломат бошед!»

Дарайи Камароб. Бисёр машҳур. Шўҳраташ баробари овозаву дарвозайи Ғарм. Ҷамоайи деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода. Чойхонааш кўҳнасохт. Аз ин рў дар саҳни кушод мардум гирд омадаанд рўйи гилему палосу кўрпача. Худи сабза аз ҳазор такандоз хубтар.
Ва ҳамин сабзайи тар аз канори рўди шаффоф боло меравад то боғу роғ ва талу теппа, кўҳ, гарданаҳо, қулла ва то Осмон. Кўҳу кўҳу кўҳ… Сорбоғ – зодгоҳи устод Раҳимзода болотар ва дуртар аз он Камароб. Роҳҳое дорад, ки Ҳойит мебарад туйи ағба ва роҳи дигар сўйи Суғд. Раис дар ин ҷо низ ёру ошноҳоро шинохтанд.
Самимӣ ва бо ҳазлу шўхӣ пурсу пос мекунанд.
— Ку гап зан, аз иловаву тағйирот ба Конститутсия чӣ фаҳмидӣ? – ба марди офтобхўрдайи газгўшт мегўянд Раис. Ва ў хандида посух медиҳад. Чӣ хеле ки депутатҳойи ҳамсафар модда ба модда тағйиротро мефаҳмонанд, ин мард ҳам ҳамон хел гуфтор мекунад. Ва суханашро ба итмом расонида рафтанӣ мешавад, ки Раис бозмедоранд ва саволҳо аз зиндагӣ медиҳанд ва ў посух мегўяд хандида. Баъд омада аз пас Раисро ангушт расонида мегузарад.
Ман ба ҳама гуфтори онҳо, пурсу посухҳо диққат медиҳам ва ақлу ҳушам бар он ки диёри устод Боқӣ Раҳимзода; ба ҳозирини мўҳтарам чӣ гўям: «Аз устодиву шогирдӣ сухан кунам; аз одамияти ў; аз ҳамроҳ навиштанамон «Қиссаҳойи Соқиву Боқӣ»-ро ё «Сияҳсувор»-ро? Ё аз он ки «Баҳори умр» ба барандагийи ҷойизайи давлатийи ба номи Рўдакӣ пешбарӣ шуду ман як соат дар борайи ин китоби шеър суханронӣ кардам аз тариқи радио ва рўзи дигар оғўш кушода маро пешвоз гирифтанд устод дар вурудгоҳи бинойи Иттифоқи Нависандагон ва фармуданд: «Нафаси гарми шумо ройгон нахоҳад рафт, мулло Сорбон».

пешина
аз 393
навбатӣ