Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ва дидем: то омадани корвон мо чун мизбон ба пазироийи меҳмонон омода мегардем. Хонаҳойи кўҳнасохти похсадеворӣ. Зиндагийи кўҳистонийи қадима. Вале бомҳо шифер доранд. Якбартар заминро канда, таҳкурсӣ андохтаанд, шояд бинойи мувофиқтар созанд. Даст пеши бар ба пешвози меҳмонон истодаанд ва ман тахмин мекунаму намешиносам. Яке сафедҷомайи сапедриши пурра, дигаре хурдҷуссайи сияҳпўши тоқийи чоргули нав ба сар. Риши сиёҳи озода ва пероста дорад. Раис аввал бо ў вохўрданд шўхикунон; Зокирҷон ҳам бағалкаш во хўрданд. Ва ҳама во хўрданд. Зиндагийи хоксорона, вале хеле озода маро ба ҳайрат гузошт: дастархони дарози сари миз низ хоксорона буд, ки эшон намехостанд исрофкорӣ кунанд; зеро убол ва нораво бошад исрофкорӣ. Инсони огоҳ аз ду сарой чунин рафтор кунад.
Нонҳойи шикаста, косаҳойи асал, косаҳойи ҷурғот, пиёлаҳойи қатор. Хеле хоксорона, ки дар радифи он меҳмонавозиҳойи «кӣ зиёд?» мебинем. Дар тўйҳойи баҳсмабаҳс мушоҳида мекунем, ки Сардепутат Сайдулло Хайруллоев дар ҳама вохўриҳо таъкид мекунанд ва нодурустийи чунин рафторҳоро мегўянд; зеро чунин рафторҳо аз «рафтори нек» дур аст.
Як курсӣ андар сари давра. Ба Хайруллоев пешкаш мекунанд, намешинанд (Раис медонистаанд, ки домулло курсиашонро ҳатто ба падар равойи нишаст намедонанд; аз ин хотир нанишастанд ё хоксорӣ буд? Дар асл ин курсийи дигар будааст); домулло ҳам намешинанд; ба бародари бузург мулло Неъматулло насиб кард, ки пеш аз даст ба дуо бардоштан эшони Ҳикматулло аввал ба он кас нигоҳ карда ё «аз шумо!» мегўянд ба ишора ва ё рухсат мепурсанд.
Як занбўр хешро пештар аз меҳмонон ба косайи асал зад, то аз мост, ки бар мост, шавад. Вале асал мемакиду пойҳояш фурўтар мерафт ба асал. Депутат Тағоев, ки ба пешниҳоди Маҷлиси намояндагон қонун бар асалпарварӣ омода сохтааст, оруро наҷот аз офаридайи худ доданӣ шуда ба чумча бардоштанӣ мешавад, наметавонад. Баъд ба даст мегирад. Дигараш меояд…
— Аълохон Афсаҳзод ин ҷо омада буданд. Китоби ба «Баҳоия»
бахшидаашонро ба домулло тўҳфа карданд, хуш омад эшонро.
– шиноси ман Давлатбеки шоир мефармояд. Ман сар меҷунбонам, то хаёлам аз домуллойи нуронӣ дур наравад.
Домулло Ҳикматулло воқеан тозаву нуронӣ. Бар рўйи рост ду холи гулобиранг дорад. Чашмони зиндаву пурнураш ба ҳар тараф намедаванд. Сар андохта менишинад ва ба хушгўйиҳойи Хайруллоев табассум мекунад. Аҷаб инсоне Сардепутат: ҳар чӣ гўяд – хоҳ суст, хоҳ сахт, хоҳ ҷиддӣ, хоҳ шўхӣ, одамон табассум мекунанд ё механданд ва яке малол намешаванд. Чунон ки ба чӣ мақсад гуфтани ўро ва ё ба чӣ талмеҳ карданашро аз худи ў хубтар медониста ва мефаҳмида бошанд. Ба ман ишора мекунанд:
«Чизе дарёфтед?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор