Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҚИСМАТИ
ТОҶИК
(Раҳовард)
Барои бародарам
Сайдулло Хайруллоев

Ва чархбол бол кушод чу чархи Гардун. Талу теппа, кўҳу дараҳойи сабз ва рўду рўдоба ва шохобҳо зери сояйи гардони он шуданд. Ин соя сабзаҳо, шукуфаҳо ва бисёр чизҳойи рўйи заминро ламсу сила карда мегузашт. Ҳарчанд аз тирезайи гирда дида ба замин медўхтам, ки лағзидани онро бар ҳама чиз бинам ва шикастану хаму рост шудани онро дарёбам, ба чашмам намерасид; соя худро дар паси чархбол пинҳон мекард. Вале ман медонам, ки як чизи ба чашм ноаён аз танайи ин фили ҳавойӣ кашол шуда, танҳо дар замин пайдо мегардад беранг. Ба ҷойи он кўҳсори сабз ба чашм меояд. Вале кам кўҳе ё тале ба назар мерасад, ки наламида ва ё фурў нарафта бошад; шах хокро дангал додааст; он ҷойҳо ба дунбайи карти бурида, ба косайи сангпушт, ба кафи тарозу, ба табақи равғанхўрдайи қурутобхўрӣ, косайи шикаста ва бисёр шаклҳо ва суратҳое, ки кас дар куҷое дида бошад, монанданд.
Гарчӣ кўҳсор сабзпўш ва барфгир дар қуллаҳойи он ин шаклу суратҳо аёнанд; сабзаву шукуфа ва рустаниҳо натавонистаанд бипўшонанд захмҳову костаҳоро.
Кўҳистон дунёйи хомўшро мемонад; ё ба андеша рафта ва ё айёми нумўъ аст, ки медамад, аммо садо надорад. Мо низ хомўш.
Танҳо садойи чархболи ларзон салон ва кўҳсорро ба ларза овардааст; аммо ин он садо набувад, ки борҳо ин мавзеъро ларзондаву ба ҷунбиш оварда буд. Ҳама ҷоро фаро гирифта садо ва нагузорад, ки сухан печад ба сухан. Аз ин рў мусофирон ба якдигар чизе намегўянд… Ба назар чунон расад, ки онҳо аз ҳар гўшаву канор ба ин сандуқи оҳанин ҷамъ омадаанд, ҳамдигарро бори аввал сарҷамъ мебинанд; кебида ба ҳам менигаранд. Касе нафаҳмад ва дарк накунад чунин ҳолро; гўё забони якдигарро намедонанд ва ба муошират ва муомилат кардан душворӣ мекашанд; ба назари ман ибо доранд; ибо доранд, ки як фарди суханчин, вале ба парлумон бегона дар чунин ҳайати бонуфуз чӣ кор мекарда бошад? Гоҳ-гоҳ ба якдигар менигаранд, бо нигоҳ, имо, ишора ва ҷунбонидани чашму абрў ва имойи буруту ҷойи бурут «мегўянду мешунаванд». Маро торик. Шояд омўхтаву донистаашонро бо чунин ҳаракатҳо радду бадал кунанд; ба ҳар ҳол ба мани кунҷкоб, суханҷў, маънихоҳ ва ҳаётомўз чунин расад. Дар асл ҳама шинос ва дўстнамойи мананд.

пешина
аз 393
навбатӣ