Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарзандоне низ ҳастанд ва касоне, ки чунин рафтори ҳукуматиро шарафи бузург медонанд. Падарашон қадру қимат доштаст, ки… Нааа… Ман бе қадру қимат нагуфтаам, дар ғафлат ё беэътиборийи онҳоро дар назар дорам. Буду шуд охирин ҷанговар монда будааст. Ин қадар ҳам не-куя: ҷанговари ҷанги Афғонистон ҳаст, ҷанговари Ҷанги Хурд ҳаст; аммо нишона аз Ҷанги Бузург танҳо Қаҳрамон буд. Як нафар дар ҷанги Финландия иштирок карда буд, ки ҳоло зинда, дар кўҳ умр ба сар мебарад, даврони шўравӣ гузашту касе онро суроғ накард; на худи ў аз кўҳ поён нашуд ва касеро напурсид. Аммо наберааш академик. Дар соҳайи физика.
Қонуни Нютонро рад кардааст… Худоё, тавба…Замин ҳам ҷозибайи кашиш доштааст, ҳаво ҳам, одамон ҳам… Аммо ман бовар надорам ба ин одамон: агар одамон ҷозибайи кашиши якдигарро медоштанд, ба сари аллома ин қадар моҷаро намеоварданд… ё ин қадар мардум якдигарро…
Хайр, ин баҳси мо набувад. Дар миёни боғ тобуту мурда истодааст. Парер, ҳамин вақт дар ҳамин боғ пешнамоз шуда буд, рустӣ. Ҳанўз ҳам таъсири солҳойи миёнайи асри бист ҳаст; рустӣ ҷаноза карданҳо; буд ҳамин хел, аммо ин дигар; ин аз хавфи он буд, ки аз боло амр шуда, то мурдаро ба хок насупоранд; ин мурда мурдайи кўчагӣ нест (ҳамин хел мурдаҳо низ ба гурўҳҳо ҷудо мешаванд); ин ҳам сабаби асосӣ намешавад. Ҷони гап дар он ки ҳоло боло тайёр набудааст. Инак ҳама чиз тахт шудааст, маросим мекунанд…
Дар боло пора-пора аз шарҳи ҳоли ў гуфтанам беҳуда будааст. Зеро дар гўши мурда он қадар гуфтанд, ки қариб майит сар бардошта «Дурўғ мегўед… Инаш рост…» гуфта буд. Ин қадар мо дурўғ мегўем-а; умрамон бо дурўғ гуфтану муҳобот мегузарад ва боз худро «дўсти Худо» мепиндорем; Қуръону пайғамбарро пеш оварда савганд ёд мекунем; аввал ба пайғамбар салавот мефиристему пас ба парвардигор. Э Худо-э! Ба номат мурам-э… Бандаҳойи офаридаатро садқа-э!
«Медонам, ҷойи чунин ҳарфҳо нест, лекин чӣ кор кунам? Замин
– сахт, Осмон – баланд.»
— Ҳоҷӣ мегуфтанд, ки ман камаш сад сол умр мебинам! Дўстон, меҳмонони аз дуру наздик омада! Лекин орзу дигар будаасту амал дигар: дар таги навад Ҳоҷиро аҷал қабз кард. Аз дасти ин малойика раҳойӣ нест! Дер ё зуд ҳамаамонро мебарад. Ба орзуяшон нарасида бошанд ҳам, умри нағз диданд ҳоҷӣ!
— Дўсти азизам! Сафар бехатар!
Умуман чунин буд «хайрбод». Шарҳи ҳол, пас видоъ. Писарон чизе гуфта наметавонанд, чунки зиёдтар аз ҳама онҳо медонад ва чӣ талаб карда, чӣ гирифтанашон ҳам дар ёдашон ҳаст. Наход ки онҳое ки ваъз мегўянд, кӣ будани ин ҷанговарро донанд? На, ҷуз Худову худаш касе надонад ўро, таги дили ўро, ниятҳойи ўро, орзуву армони ўро; азобашро, ранҷашро; росту дурўғашро ва ва баройи зану фарзанд шуда ба чӣ роҳҳо рафтанашро ва чӣ корҳо карданашро…

пешина
аз 393
навбатӣ