Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Воқеан ҳамин хел буд; бе ҳеҷ мақсад дар хонадон ҷанг шуд ва бародар бародарро кушт; қотил қаҳрамон ном гирифт.
— Биоред костуми навро!
Баъди мурдаро се рўз нигоҳ доштан, ки аз ин дунё ҳаловат барад ва баъди ҳама чизро омода сохтан садо бароварданд, то тани майитро бо либоси нав оро диҳанд. Аммо ба қароре наомада буданд, ки кафан аз тани мурда кашида костум пўшонанд ё аз болойи он. Ба ҳар ҳол ин қадршиносие буд аз ҷониби намояндагони ҳукумат ва комиссариати ҳарбийи ноҳия; то одамон донанд, ки касони ба ватан хидматкардаро чӣ гуна меҳрубонӣ кунанд. Албатта баъди фаромўш шуданҳо. Зеро Қаҳрамон дуру дароз бистарӣ буд, касе аз он огоҳ нагашт; хабар нагирифт; дар ёдашон ҳам набуд, ки охирин ҷанговари Ҷанги Бузург дар деҳа зиндааст. Шояд аз ёдҳо рафта бошад, ки намонда касе аз ҳимоятгарони Ватан.
Дару тирезаҳоро кушода монданд, атрофашро ҳулбў ва гулу раёҳин чиданд, то бўе аз майити серўза наояд; ҳаво гарм шудааст; тайёра ҳам парвоз карда писаронро овард аз Душанбе… Кас надонад, ки чӣ пеш ояд. Зеро мурда ҳам намедонист, ки мурдайи шустайи ўро муддати зиёд нигоҳ медоранд ва бойиси миш-мишу баногўшиҳо мегардад; зеро мумкин нест мурдаро дер нигоҳ доштан; ба деҳа вазнинӣ орад. Бе ин ҳам бистариҳо хеле зиёданд ва аз рўйи мушоҳидайи бозаргонӣ нигаред ва шаҳрро давр гардед, гумон равад, ки тоҷикистониҳойи имрўза ғайр аз дору чизи дигар нахўранд. Ёрийи башардўстона гуфта мамлакатҳойи дигар ба диёри фалакзада фақат доруҳойи каснадидаро мефиристанд, ки аз сад ду фойизи он дору ҳаст ё на. Инро худи доруфурўшҳо гўянд, агар аз дорухонайи ў неву аз дорухонайи ҳамсоя дору харед. Кошкӣ арзон бошад ин доруҳойи башардўстонайи ба савдо монда. Ҳоло қути тоҷикистониҳо ғам шудаасту дору. Худовандо, ҳеҷ бандаатро бемор нагардон! Агар бемор гардонӣ, ба як доруву даҳ дору ў сиҳат нагардад. Зеро чанд доруро духтурҳо менависанд, аз дорухона ба дорухона мегарданд наздикони бемор, ки дар кадом дўкон арзонтар бошад дору; арзон беиллат намешавад; баъд сад хелашро истифода барӣ, суде надорад; беморро аз аз дасту по меафтонад; пасон доруе зидди дору мефиристанд ба ҷисму ҷон ва чунон дўлобие пайдо мешавад дар хуни бемор, ки худаш донаду худо:
— Аз баройи Худо, бас кунед! Ҷонам ба лаб омад аз ин кафкаф доруҳо.
— Сабр… баъд сабри ҷамил…
— Шумо маро табобат кунед ё доруҳойи хўрдаамро?
— Бемор ҳам ин қадар эзма мешудааст… Гуфтам-ку сабри ҷамил…
Баъд «Сабри ҷамил» шуд. Дар солҳойи Ҷанги Хурд ба ҳар хонадон сабри ҷамил мехостанд ва ин дар забони ҳар бошанда шишт; беихтиёр талаффуз мекарданд.

пешина
аз 393
навбатӣ