Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рамаҳо ба даштҳо фаромаданд. Ҷои рафт набуд. Ман гумон кардам, ки ин қисса аз ёди мардум рафт ва агар ман ба деҳа баргардам, ман чизе нагўянд; кордор нашаванд. Бародарам раис аст ва маро аз ҳар бало халос кунад. Ман ба деҳа наздик омадам.
Вале ҷуръатам кофӣ набуд, ки ба назди модару бародар равам. Ва шояд номи повесткаро шунида гурехтанам ҳам аз ҳамин беҷуръатӣ буд, вагарна дилкашолие надоштам. Модарам писари дигар дошт ва ў беҳтар аз ҳама ўро парасторӣ карда метавонист. Аммо барои мани оворагард ва гуреза дастгираке набуд. Фикр кардам, ки агар ба деҳа равам, маро касе нашиносад. Ришу мўйсарам ваҳшиёна буд. Сару тан надоштам. Дар чакмани аз кўши чўпоне дуздида печида мегаштам ва камони аз кўши дигар дуздидаро аз даст намегузоштам. Тир ҳам доштам, вале аз ваҳму ҳарос ва аз хавфи ҷойи худ ягон бор тир напаррондаам. Ҳатто дар вақтҳои гуруснагӣ ва тангӣ кабку харгўшҳои рў ба рў омадаро напаррондам. Сардии ҳаво ва зўрии гуруснагӣ маро маҷбур кард, ки ба деҳа дароям.
Аввал ба коҳдонҳо руст шудам. Дар вақти гурезагиам дуздиҳои мардумро ҳам дидам...
Дар деҳа Латиф гуфтанӣ кас буд, худо раҳмат кунад, мурд.
Ана ҳамон кас аз равзанаи коҳдон ба ҷои коҳ як ҷувол гандум партофт, баъд худаш фаромада ҷуволро ба даруни коҳ руст кард.
Ман дар паси банди беда ҷо шуда будам. Он вақт задани дилро ҳис кардам. Дил дар қафаси сина тапид. Гумон кардам, ки тамоми коҳдон ларзад. Латиф аз равзанаи рўи бом даромаду аз дари коҳдон баромад. Ман ҳайрон шудам, ки чаро ў аз ‘дар надаромад...
Оҳиста-оҳиста тапиши дилам паст шуд. Аз рафтани Латиф зиёда аз ду соат гузашт. Ман аввал назди дар омада аз роғи он ба берун нигаристам, касеро надида, рафта коҳро тит кардам ва ҷуволи гандумро кашида баровардам. Дидам, ки зўрам намерасад, бе ҳеҷ мулоҳиза нисфи гандумро рўи коҳ рехтам ва иисфи дигарро бо ҷувол ба дўш бардоштам. (Аз равзана баромада намешуд.
Таги по паст буд). Аз дар баромадам. Рўйи ҳавлии Латифро мегузаштам, пойҳоям ларзид. Надонам аз гуруснагӣ буд, аз тарс ва ё аз бемадорӣ. Аз ҳавлии ў баромадам. Гандумро ба осиёб бурда натавонистам. Бар ҳар ҳол ҷуръат карда, ба ҳавлии худамон бурдам. Ва рост ба коҳдон рафтам. Саги чорчашми мо «ваҳ!» гуфта хест. Номашро гирифтам, дум ликконда ғур-ғур кард. Ман ҳам чун Латиф коҳро тит карда ҷуволро ба миёнаи он гўр кардам ва рўи он дароз кашидам. Чорчашм аз дар ба ман нигарист, ки дар торикӣ чӣ кор мекунам. Шикам аз гуруснагӣ заъф зад. Боз коҳро кофта аз ҷувол як каф гандум гирифта ба даҳон андохтам. Хойидам, вале фурў дода нашуд. Оби даҳонамро фурў бурдам. Гандум дар даҳонам сақич шуд. Хойидан гирифтам. Баъд ба фикр рафтам, ки оянда чӣ кор кунам. Як кас маро бардоштагӣ барин ҷаста хестам ва ба хонаи бародарам рафтам. Дарро кушода даромадани маро нафаҳмид.

пешина
аз 393
навбатӣ