Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Сода, не нагў! Баъд, донӣ чӣ шавад?» Не, ў надонад, ки баъд чӣ шавад, аммо донад, ки ягон паррандаи ба фазо парвоз карда ба осмон нарасидааст, ягон саворро сари зин гўр накардаанд. «Якрўза подшоҳӣ подшоҳӣ, сода! Як рўз подшоҳӣ кунӣ, як умр таъмин шавӣ.» «Аҷаб содагиҳо доред, муғамбирҳо!
Гўё ман раисиро хоҳаму шумо не! Гўё ман арзандаву шумо не!
Гўё ман як умр таъмин буданро хоҳаму шумо не, боз ба ман ёд диҳед, муғамбирҳо!»
Ва баъди он ки дар сари замин танҳо мемонд, ба андешаҳои дуру дароз фурў мерафт: «Чаро имрўзҳо чунин ҳарфҳоро зиёд гўянд? Чаро аз зарурат дастгирӣ накарданд, ҷонибдорӣ накарданд; аз раис тарсида, ҳама муқобилаш ҳарф зада, имрўз ўро ба кадом кори ношуданӣ тела диҳанд... ё масхара кунанд?» Ҳо, ўро аз кор гирифтанд — раисро. Ҳамон раисро, ки Боборо зада-зада аз боло паст фаровард. Бобо маълумот дошт, гўё барои раисӣ хонда омада буд ва ҳама мегуфтанд, ки дар оянда соҳиби колхоз Бобо мешавад. Тамом карда омаду кори муносиб надоданд, ба агрономи колхоз шогирд монданд, ки корҳои амалиро ёд гирад ва аз ҳамон вақт ҳарфу калоча сар шуд, ки баччаҳо мактаби хоҷагидориро тамом карда оянд ҳам, зиндагидониашон мазза надорад
— алафро аз зироат фарқ накунанд, мисли набераҳои мо, ки дар шаҳр калон шуда, хару аспро фарқ карда натавонанд; аспро хар гўянд ва харро — асп. Ва аз ҳамон вақт дафтари аъмоли Боборо саҳифа пур карданд. Нашуд. Ўро табелчӣ монданд ва сонӣ аз ин кор ҳам гирифтанд. Хокпош шуд. То саҳро пиёда рафта меомад; рўзномаву маҷаллаҳои обуна шудаашро хонда-хонда сари кор мерафту хонда-хонда ба хона меомад. «Бечора, илм зўрӣ кардааст.
Майнааш беҷо. Вагарна дар ин тамузи тобистон кӣ хонад?» Касро ба ҳоли худ намонанд ин одамон. Бобо монанди дигар деҳқонон ҷома намепўшид, костум пўшида ба кори саҳро мерафт ва зимистону тобистон дар пояш мўза буд, кулоҳи хасини фарохлапар ба сар гузошта, аз зери манаҳаш бо резинка сахт мекард, то ҳангоми хаму рост шудан ё каланд задан аз сар напарад. Тамокукор шуд Бобо; аз бўи тамоку гурехта хондан рафта буд, баргашту тамокукор шуд... Айби одамон ҳам ҳаст: маълумоти ту—олӣ, маълумоти раис – миёна, гуфта ўро ангехтанд, чунон ки сагро ба гург. Акнун оқибати корро андеша дорад. Гап дар он ҳам набудагист. Зеро он раисро аз кор гирифтанд, раиси нав шуд, боз нав шуд ва боз...
аммо ба ў мансаб нарасид. Дар ин ҷо боз корҳое ҳаст, ки одами сода нафаҳмад... Ҳоло ки дар колхоз раис нест — раиси охиринро барои корҳои ночаспони фермаи гов, бо мудири ферма якҷоя аз кор гирифтанд, колхоз раис надорад. Корро ҷойнишин пеш бараду парторг. Раис будану набуданаш фарқ надорад. Колхоз ҳамон хеле, ки буд, ҳаст. Фарқ дар он ки ҷонишину парторг чанд бор фаъолони колхозро ҷамъ карда гуфтанд, ки агар ихтиёри колхоз дар дасти мо мешуд, колхозро ин хел мекардем, он хел мекардем: гўё колхоз обод мешуд, колхозчиҳо ободтар; дар колхоз клуб мепўшонданд, мактабҳоро дигар мекарданд, ҳаммом месохтанд, ҳатто китобхона ва боз колхозчиҳоро ҳурмат мекарданд, ягон хоҳишашон иҷро нашуда намемонд, чўб ҳам ёфта медоданд, шифер ҳам ёфта медоданд, деҳаҳоро ба тартиб меоварданд, хонаҳои ҳозиразамонро аз рўи нақша месохтанд, аз ҳисоби колхоз ягон баччаро ба Институти политехникӣ хондан мефиристоданд, ки меъмориро тамом карда ояд ва боз ваъдаҳои зиёд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор