Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Қандатона занед, тамоми республикаро ларзондед! — пеш омада ва лаб ба бўса дароз карда гуфт Ҳоҷибоқӣ, ки аз ҳамин чиз ёфта буд. Қилиқи хунук. Кӣ мондааст мардро ба бўсобўсӣ.— Қоил кардед. Ана ин намоиш. Чӣ хел натарсида ин хел гапҳоро гуфтанд, ман ҳайрон? То ҳол аз телевизиони тоҷик касе ҷуръат карда нагуфтаст, ки фалон нависанда дар бораи дуздҳо, роҳзанҳо, қаллобон, ҳаромхўрон, порахўрон ё гирем, ки муфтхўрон асар менависад, лекин ҳамин чизро дар ҳзққи шумо гуфтанд, нависандаи мўҳтарам...
Нависанда ба андеша рафт ва намоиши телевизионро аз пеши назар гузаронд, ки ин хел чизҳо буд ё набуд. Ва яқин кард, ки чунин ҳарфҳо набуд, гуфт:
— Саҳв шудааст?
— Чӣ хел саҳв шудааст?
— Шумо ягон намоиши дигарро дидаед, дар он ҷо чунин ҳарфҳо набуд.
— Чӣ хел? Бо чашми худам дидам, бо гўши худам шунидам:
«Деги калон». Дар ҳақиқат деги калон, ман чунин дегро дар ягон маърака надидаам. Ин ба ҳамон дег монанд, ки мегуфтанд: замоне мешаваду ҳама аз як дег хўрок мехўранд ва шумо гуфтаед, ки ҳоло савдогарҳо ҳама якҷоя аз ҳамин дег хўрок мехўранд.
— Ман ин хел чизҳоро нагуфтаам ва деги ман якта, мисли ҳарфам... аробаатонро кашед!
— Ҳолӣ ҳам-ту? Ман шуморо одам гуфта омадам! Сухани ман ягон вақт дар замин намондааст, ҳеҷ кас маро аз дараш нарондааст... Боз ман пеши шон биёям, ноз... Худо занад, нависандапависанда бошӣ! Дузд, порахўр, ҳаромхўр!
Нависанда аввал ба ҳоли ў нахандид, ки девона аст ва сонӣ фикр кард, ки чаро ин хел гўяд. Ў кист, ки пора хўрад? Чиро дуздад? Кадом чизи ҳаромро хўрдаст?... Ва надонист, ки дар чанд соат то ошёнаи чаҳорум баромад. Ба назараш чунон дер баромад, чунон оҳиста баромад, чунон хаставу шалпар баромад, ки худро нашинохт; наход ў ҳамон нависандаи варзишгар бошад, ки чунин зинаҳоро ба як нафас мебаромад. Назди дар андаке рост истод.
«Дареғи фаросати ман, ки дар ҳаққи ў хато афтод». Ҳамин ҷумлаи аз Авфӣ ёд кардаашро такрор кард ва хост ба барандаи намоиш занг зада пурсад, ки дар он ҷо чӣ ҳарфе буд, ки ўро гаранг кунанд.
«Не, барои як пула гап одамонро ташвиш додан лозим нест». Ў аз киса нохунпиро баровард ва сими тори дарро оҳиста пучид.
Дигар ҳеҷ гоҳ телефон кор накунад...
— Дада, шумоя!
— Чӣ хел? Телефон боз кор кард?
— Не, амакам омаданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор