Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Ваҳ! Ин қадар баланд рафтааст», чашм аз фазои осмон гирифта, ба поинтари барфи сафед дўхта, гуфт Ҳақназар. Он ҷо трактори Карим ёна-ёна мерафт ва дили касро ба воҳима меандохт.
Вай кариб, ки ҷойҳои огардзадаи ҷуфтгаронро шудгор мекард ва ҷаҳд дошт, ки заминҳои нокорамро корам кунад.
— Он ҷавон бебок будааст,— пас аз хеле фурсат гапи парторгро ҷавоб гардонд раис ва андаке истода аз Ҳақназар пурсид:
— Пештар ин хел кор намекард?
— Кор мекард... лекин ин хел не, раис.
— Суруд мехонд?
— Нашунидаам.
— Маълум ки аъзоятро хуб намедонистаӣ...
Чаҳор трактор: ду наву ду кўҳна баробар кор мекарданд. Дандонаҳои фўлодии тасмачархҳо заминро газида-газида, танксифат пеш мехазиданд, позаҳо замини мулоими баҳориро бо маром ба паҳлў мехобонданд. Болотар позаҳои нўги омочҳо гўё бадани заминро нохун мекашиданд. «Нав гуфта, аз баҳри кўҳна баромадан хуб набудааст. Ҳар кўҳна навие доштааст ва ҳар нав кўҳнагие»,— дуру дароз чашм аз ин манзара наканда, гуфт раис. Ҳақназар ба раис нигаристу нуқтаи нигоҳи ўро пайдо кардан хост, ки ба чӣ ин қадар гирифтор шудааст. Ё дар бораи чизе фикр кунад, ё табиаташ ҳамин хел аст. Ҳоло ўро хуб надонад, лекин дар борааш бисёр шунидааст. Як ноҳияи хурд, қариб ҳама якдигарро шиносанд, вале кию чӣ будани ўро надонанд. Ин чизи мушкил. Донистани ботини инсон кори саҳл нест. Агар осон буд, кас ёри мувофиқ меёфт, бо кӣ шиштаю хестанро медонист, иғвогарӣ, дасисабозӣ, худширинкунӣ, рафиқфурўшӣ набуд. Қасду қасос, буғзу кина набуд; он чиз буд, ки абадуддаҳр дар орзуяш ҳастанд. Ва боз, агар дили одамиро мисли ойинаи ҷаҳоннамо аз чашмаш мехонданд, ҳоҷати аз дўзаху аъроф барин калимаҳо тарсидан набуд... Пас?
Пас илми одамшиносӣ лозим, ки бехабаронро аз кирдорҳои хубу нохуб огоҳ кунад.
Раис дар кабинаи мошин нишаста, раҳораҳ хаёл кунад ва ба сабзаҳои навхез, ки аз хок сўзансурат неш кашидаанд, ба бодомҳои шукуфон, ба навдаҳои тари дарахтон, ки мисли наварўс ботароват гаштаанд, назар давонда, фараҳ ёбад. Китфонаш боло шаванд; кабина тангӣ кунад. Ронанда Баҳром шишаи дари тарафи худро фуровардааст, аз хомўш рафтани раис дилаш ба танг омада, дар чаҳор-панҷ километр як бор гулў равшан карда монад.
— А, раис?
— Чӣ?
— Табиат зинда шавад.
— Ҳа,— ба файласуфона хаёл кардани ронанда ҳайрон монда, чизе пурсиданӣ шуд, вале худдорӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор