Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мегўянд. Инсоф бояд кард... Фардо чӣ гуна имтиҳон месупоред?
Имтиҳони давлатия?!
— Наҳанг, муаллим!
— Шоҳи бечора чӣ гуна дар зери об зиндагӣ мекунад?
— Охир ҳамаро фурў мебарад-ку, муаллим? Ягон чиз аз даҳони кушодаи ў раҳо намеёбад! Моҳиёни зери дарё, ҷонваронро...
— Тимсоҳ, муаллим! Ягон ҷонвари рўйи замин, ки обхўрӣ омад, аз даҳони қапқонии ў халос намехўрад. Ҳуп! Тамом. Зери об мекашаду аз лингаш медорад; худаш ғел мегардаду сайдро мечархонад ва рон-рон ҷудо карда, лап-лап фурў мебарад...
— Не, баччаҳо! Тимсоҳ аз фил батар – гўлу гаранг, худро мурда вонамуда, зери об дуздона меистад; сайёди номард! Шоҳон бояд рўйирост набард бикунанд; рўёрў истода шамшер зананд. Тимсоҳ танҳо барои нафси хеш мубориза мебарад; ҳатто чўҷаҳои сангупушти нав аз зери рег баромада сўйи об тозонро дошта мехўрад, ки дар зери дандонаш маълум намешавад... Сухан аз шоҳони боақлу ботамиз, донову тавоно, ному насаб ва шаҷарадор меравад.
Шумо ҳайвонҳои беақлро ба шоҳӣ пешбарӣ мекунед... Боз чӣ монд? Гову аспу хару хўтук, ки худамон медонем, дорем. Андаке бофаҳмаш – хар: «их!» гўйӣ, меравад, «иш!» гўйӣ, меистад. Дигари он – гови худо.
— Зурафо чӣ, муаллим? Як гардан дароз бикунад, ҳама ҳайвонҳоро зери гарданаш мегирад. Саранҷом карданаш осон.
— Ҳааа... Зурафо ҳайвони хуб: болобаланди гардандарози зебо; пойҳояш базўр вазнашро мебардорад. Гумон мекунӣ чун кранҳои гардандарози иморатсозӣ, ки аз имкону зўрашон зиёдтар бор бардоштаанд, якпаҳлў мепаранд. Чун росту беҳаракат истодани зурафоро мебинӣ, хаёлат ба кранҳои бекорхобидаи шаҳр меравад, ки гардан сўйи осмон дароз карда, аз кадом пулдор ёрӣ мепурсанд, то онҳоро ба кор дарорад... Шоҳ бояд каҷпаҳлў зада, пой ёзида ё чорболишт нишаста роҳату фароғат бикунад. Бар чорсутун истода думак задани зурафову филу шутур ва дигар ҳайвонҳои калтадум то шоҳӣ намебарад...Ман орзу дорам, ки шумо ба воя расед, мустақил гардед; фикр карда хулосаҳо мебаровардагӣ шавед; ба бузургӣ расед ва фикру андешаатон аз синну солатон пештоз бошад; мўшикоф гардед. Он гоҳ метавонед ба ҳар чизу ҳар кас аз рўйи будааш, доштааш, тавонаш ва орзуву умедаш; ҳатто хоста, натавонистааш баҳо бидиҳед. Мо китоби «Зоология» мехонем-а?
Шумо медонед ин чӣ китоб аст; мефаҳмед, ки дунё бесоҳиб нест; беша бе шеру палангу гургу рўбоҳ ва оила бе дузд нест. Ана ҳамин ҳайвонҳое, ки мо меомўзем, ҳар кадом як чиз доранд; ҳар кадом як чиз мехоҳанд; иддаойи ҳар кадом кам нест; ҳамин қадар ки наъраву садои ҳар кадом мувофиқи тану тўш ва зўру тавонаш.
Лекин дидаед, ки хурдтарин ҷонвар худро зери санг гузошта бошад? Не! Ҳар кадом даъвои бузургӣ мекунад; хазанда пиндорад, ки парранда аст ва аз осмон омада душманашро ба чангол бардошта ба осмонҳо мебарад ва аз он баландии чашмнорас раҳо мекунад ва он то замин расидан гард-гард гашта ба ҳаво меравад.

пешина
аз 393
навбатӣ