Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Сарама хуред ба ҳамон ҳиндубозиатон! Дину ойини онҳо дигар, дину ойини мо дигар... Ҳар қабила расму русуми ҷудогона дорад дар Ҳиндустон ва онҳо зери таъсири энглисҳо аз бўю хўйи одамгарӣ баромадаанд. Худоро шукр, тоҷикон аз дини худ рўй нагардондаанд. Айб аст, ки тағописар бо аммадухтар муҳаббат бикунад...»
«Сафро духтари амма Саврӣ нест, мегўянд-ку?!»
«Ҳар кас гуфтаст, нодуруст гуфтаст, барои шуморо шарманда кардан гуфтаст... Хонадони моро шармсор карданианд...»
«Дурўғ! Ман ҳамаашро медонам, хола!»
«Чӣ гуфтӣ, писарам? Маро «хола» гуфтӣ? Ин чӣ? Ширпулӣ?»
«Гуфтанд... ҳамин хел гуфтанд: «Бону модари ширӣ, на хунӣ...»
Бонуро зўр ба гиря расид. Бар санги сиёҳи зерсутун нишаста ва тахтапушт такя ба сутун дода ашк рехт ва зери оби дида арза дошт: «Худо шоҳид; ў хубтар аз ҳама донад». Чунин буд: Худо медонисту Бону. Дигарон ним-ним донанд, Бону ҳамаро медонист ва аз раҳмдилӣ хешро гунаҳкор медонист. Аммо дигар сухан намегуфт, то худи онҳо – писару духтараш чӣ фармоянд.
— Ман дигар ба хонаи Саврӣ намеравам... – Фармуд Сафро, вале касе ҳамроҳ нагашт ба сухани ў; «Чаро?» ҳам нагуфт. Ў шарҳ дод: – Донистам, ў модари ман нест... Сад дареғ, то ҳол надонам, ки модари ман кист?... Гўянд, ки Саврӣ шир ҳам надошт, то туро диҳад. Лекин барои фиреби назар пистони хушк ба даҳонат мениҳод. Ҳолдонҳо гуфтанд.
Бонуро дил фишурда мегашт ва ў тахтапушт сахттар пахш ба сутун мекард, то аз ҳолат наравад: «Шояд пешравӣ зананд... ё касе сохтааст чунин савдоро... Ором... Ором... Зўр ояд, худашон мегўянд. Ҳолиё ба онҳо гап заддаву гап фаҳмонида нашавад; як сухан ҳазор шавад ва арбадаву маншаашон беҳисоб. Гўё ҳама моҷарои дунё сари он бошад, ки чаро онҳоро гирифта бузург карданд: ин ширхораҳоро. Сагро бузург бикунӣ, аз банди поят гирад...» Дигар зўри андешидан надошт ва чашмонашро ба сони мурдае, ки норозӣ ва дилкашоли касе боз монда буданд, гўё сойида пўшидаанд ва дигар ҳеҷ гоҳ накушояд, сахттар ҷафида буд ва бар сутун нақш гашта. Онҳо мурда пиндошта модарро бешарфаву бесадо нўг-нўги по бадар рафтанд аз ҳавлӣ, то ҳама бало ба сарашон бор нагардад; зеро модар мурда буд аз назарашон ва кушанда буданд эшон. Гўё гурехтанд ошиқон; монои дилбохтагони филмҳои ҳиндӣ, ки ҳазор монеа, ҷабру ситам як пул буд пеши муҳаббат; пеши орзуву омоле, ки ба хаёли ҷавониву гирифторӣ ҳеҷ буд; нерўву ғуруру бозу садшикан буд, гўё онҳо оламро дигар мекарданд; аз лоимкон имкон мсохтанд; ҳарфу гапу калочаи мардум аз азал вуҷуд дорад он чӣ онҳо миш-мишу баногўшӣ мекунанд, нав нест ва ишқу муҳаббати сохтаи онҳо низ нав нест; дониставу надониста ё тасодуфан пайвастани наздиктарин касон бори нахуст нест, ки оламро ларзонад; наздик шудани хоҳару бародар ҳам кори тоза набувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор