Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

ШИРХОРА
Ин қисса монад ба қиссаи шаби арўсии Нозанин. Нозанинро шаби никоҳ оварданд ба хонаи Шодмон, вале ў ба бистари ноз наомада, зери чодар зону оғўш карда нишаст; ба пурси шаҳ ҳеҷ посух надод ва ба меҳрубониҳояш эътиборе. Сонӣ ба баҳонаи дашт рафтан бурун омад аз хона ва ғайб зад... Имшаб Сафро такрор кард қиссаву моҷарои гузаштаро. Чизе нагуфта, ҳатто дасташ ба дасти шаҳ нарасида, оҳиста аз зери чодар баромад, дарро накушода аз тиреза бурун омад ва янгаҳои паси дар посбонро реб дода буни девор гузашт ва аз рахнаи ҳамсоя убур карда дар хонаи тағо шуд: «Ман Камолро дўст дорам, на Шамсро...» Чунин ноомади кор ҳамаро моту мабҳут гардонд, ки лоимкон аст ин кор, ҳарчанд Камол писартағову Сафро аммадухтар ба шумор раванд. Айб дар ош нест, дар мош: Саврӣ аз шўйи якум фарзанд наёфт; айбро бар гардани шавҳар зада, баромада рафт; дур рафт – аз кўҳпора то худи пойтахт. Дар он ҷо монанд ба худаш марди ёрдидаро пайдо кард; ба ў расид. Аз ў низ назойид. Нозо баромад. Тани ману тақдири ҳақ, гуфта лўлаки бародарашро фарзанд гирифт пинҳонӣ; аз зодгоҳи ноҳия ба мошин бор карда якрост ба пойтахт бурд ва ном Сафро ниҳод. Маъниашро надонад ҳам оҳанги гуфтанаш хуш омад. Бо шири гов парво кард. Баъзан ҳавас карда синаи хушкаш ба даҳони кўдак мениҳод, зоро шир диҳад. Аз бех хушк буд шир.
Даҳон задани тифл ғиҷинашро меоварду аз беширӣ ғаш мекард ва чочакро авло медонист аз пистон ба даҳони тифл. Саврӣ фарзанддор шуд: яке мегуфт, ки Саврӣ зойидааст, дигаре меовард, ки аз зодгоҳ гирифтааст. Вале ин қиссаро на Камол медонисту на Сафро. Гарчӣ онҳоро девбоди даргириҳои пойтахт чун дарахти береша барафканд ва онон носозии иқлими шаҳрро ба шў баҳона дониста ба зодгоҳи зан бозгаштанд. Камол Сафроро тағописар буд ва Сафро Камолро духтари амма. Ва онҳо зуд-зуд ба даргоҳи тағову амма омадшуд доштанд.
«Туро Худо фиристод, Сафро; аз миёни оташу дуди ҷанг фиристод...»
«Шояд...»
«Барои ман фиристод».
Ва бовар кард Сафро. Зеро айёми наврасии онҳо силаҳбоз омад ва шўхиву бозиҳои навҷавониро кушт; ва Сафро дар зодгоҳи модарӣ низ ҷуз андешаву пушаймонӣ чизе намедид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор