Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чу боғу боғхона бекас менамуд. Ў ба чап – сўйи хонаи падарӣ нигарист. Лек буни оринҷак гаштаи теппаи болои особ намегузошт, ки ў ҳавливу ҳарами бобоиро бубинад. Ў бештар симои Бадномро меҷуст, ки гаранг-гаранг калавида ва по ба по печида роҳ биравад.
Лек гарангтар аз ў яки дигар мерафт, ки сангча ба рўд зада ва хеле бодиққат нигариста, сар андаке пеш мебурд, ки ширмоҳии сафед дида бошад андар рўдоба. Чизе гумкарда барин ва ё сарзада, ошуфтаву парешон ба паҳлўҳо менигарист, вале бо сангча андохтан ба об андешаи гумонбарҳоро дур мекард, ки ба кори худ аст. Рў ба рўйи дарвозаи чўбии ҳавлии онҳо истод ва нигоҳашро аз рўдоба ба дару девор, дарвоза, сонӣ аз тори девор ба тирезайи хурди хона лағжонд. Усто Бобо гарчӣ бому дари хонаро намедид, тахмин мекард, ки ин мард ба бому дари онҳо менигарад ва ҳар гоҳ нигоҳашро медуздонад ва ё хавфу хатареро тахмин мекунад.
Шояд ягон ишора, ягон чизи рамзӣ ва нишону шарту шароитро бифаҳмад. Ба ҳар ҳол дер истод ў ва мўҳлати истоданаш гузашт ва ё аз ҷое ишора ё рамзи дилхоҳашро пайдо кард, ки рў сўйи тангӣ овард.
Усто Бобо саҳл монд, ки аз он баландӣ бол бароварда ҳамчу уқоб парвоз кунад ба сари рўбоҳ; ба сари рўбоҳи пасмондахўри бегонаи ношинос. Ҳарчанд бодиққат менигарад, ки дар деҳа кист ба чунин шаклу чунин рафтор, ёдаш намеояд. Худро паси санг мекашад, ки ў низ дида ба он тарафҳо медўзад; ҳамчун нури моҳчароғ касеро дар рўз ҷуста, намеёбад. Яқин ў бўй гирифта, дум миёни ронҳо хаста, чашми дучоромадагонро кўр дида, сўйи тангӣ меравад. «Ин он Бадном нест». Қоматашро рост кард аз паси санг ва сарсина ба он сойида, дигар ҷойҳо ва дигар касро фаромўш карда, боғхонаро нишони тири нигоҳ гирифт.
1 Ба боғ даромад ў. Хушкӣ мекард. Фиреби назар буд. Ҳамон зайл ба дари боғхона наздик шуд ва ба он ҷо даромада дарро баст...
Ин ҷо дили шў путк ба санги сахт мезад; сангфарсоро зўр намерасит, то санг шиканад. Дил задаву тапида то гулў омад, ки бурун мерафта бошад. Роҳи нафасро гирифт. Вале баробари аз паси санг ҷаҳида баромадани ў ғамбодаи гулўгир кафида, донаи нахўди дар роҳи нафас андармоншударо гўё бо зўри қавӣ бурун афканд ва ў як бор даст ба корди соқи мўза зада, башитоб Шахи Сафедро аз болодаст тоб хўрд ва лағзидаву ғелида ва гоҳе думбамол то рўйи об фуруд омад. Пас гурбавор девору рахнаҳоро гузашта, дар сар ҳавои интиқом ва пеши чашм хунгирифта, арақшор, нафасгардон,

  1. Шохҳои хушки дарахтро шикаста ҷамъ овардан дил путкзан паси дар бозистод.
пешина
аз 393
навбатӣ