Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъд бовар кард сарфармондеҳ ба сипаҳсолори хеш, ки агар фиреб набошад, сахт эътиқод дорад. Сағира аз андешаҳои ў бехабар, паст садо баровард:
— Ба мо барин сағираҳо шумо барин сарвар ва бародар лозим, ки дунёро дигар кунад.
— Дунёро дигар кардан кори мо нест. Дунё соҳиб дорад. Лекин тарзи зистро ба ҳар ранг гардондан имкон дорад. Ба шарте ки сарвар аз баҳри худ, аз баҳри нафс, аз баҳри моли дунё барояд ва як умр рўзадор бошад...
Ҳарду хомўш монданд. Зеро Сағира ба андеша рафта буд, ки ў чӣ мегўяд. Чунин касро ҳоло модаре назодааст. Ҳамин ки ба дунё омад, даҳон кушода гиря мекунад ва ё сўйи синаи модар майл; ҳайвон низ чунин: касе ба вай наомўзондааст; чун ба пой рост мешавад, синаи модар меҷўяд.
—...Мамлакати демократӣ сохтанианд...
Гуфту хомўш монд Рўйин. Зеро медонист, ки аз рўзи азал дар ин орзуянд, вале касе намедонад, ки ин чист? Демократӣ – озод...
Эъломияҳо ваъдаҳои зиёд доранд. Вале баъд тарзи зиндагӣ чун пешин меравад. Ё: «Кулли явмин батар.»
— Агар дунёро дигар накунанд, пойи мо сағираҳо аз обила раҳо намеёбад.
Рўйин кафшҳои даридаи ўро нигарист, ки тагкафши ширешаш гусехтаро бо канабе бастааст. Ў сар ҷунбонду чизе нагуфт, ки ин ҳам як аламтозакунак. Баъд гўё чизе нашудааст, пушти дар тахтасанги қолабгирифтаро канда ба по рост шуд ва ба раҳе, ки гурезаҳо баргашта буданд, нигарист, ки корвон меравад ё гузашт.
Ва якбора қиёфаву ранги рўяш дигар шуд. Ҳадафи нигоҳи ўро дарёфта Сағира низ ба кўҳи рў ба рў нигарист ва баргашта бори дигар андоми сарварро аз назар гузаронд. Боз ба кўҳ дида дўхт:
марде занакеро бардошта ба замин хобонд. Тираш расад-нарасад, Рўйин тир андохт. Ҳарду ноҷунбон монданд ва Сағира пиндошт, ки шарикаш кушт онҳоро ё ба ҳам дўхт.
— Биё равем, деҳаро тоза бикунем...

Дар теппаи Шоён гўйӣ ҳама нопокиҳо, ифлосиҳо ва коҳҳои пўсидаро месўхтанд, то ин баҳор замин сабзаи тоза дамонад. Вале Рўйин дид, ки чизеро аввал дар даст машъала мегардонанд, сонӣ ба оташ меандозанд. Хеле нигарист ва ба хулосае омад, ки ҳар нағмае бошад, аз телевизион омўхтаанд. Вагарна ақли таҳҷойиҳо ба ҳар кор намерасад ва аз саркорӣ метарсанд; ҳар қадар дар дил алам ва кина дошта бошанд ҳам, худдорӣ мекунанд, то сар ба боди фано надиҳанд.

пешина
аз 393
навбатӣ