Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Сағира ин дуоро хонданӣ буд, ки чархбол тори особ давр хўрд, рўйи мазорро гузашта, шамолаш навдаҳои чинорро ларзонда, ҷониби рудхона рафт.
«Дареғ, дунё аз они мо нашуд.»
«Дунё аз они касе нест, Сағира. Мо аз они дунёем; меораду мебарад.»
«Медонам, лекин кас мехоҳад дунё дошта бошад... Бисёр касон, ки ҳама чизро доранд, гумон доранд, дунё низ аз они онҳост. Ҳама аз они дунёст; дунё аз они ҳеҷ кас...»
«Ту Сағираро бо он файласуф бояд шинос кард... Ин кор дертар ҳам мешавад, лекин ҳоло бигўй, ки диёрро аз душман бо чӣ роҳ ҳимоят кунем?»
«Аз кадом душман?»
«Омада рафт-ку? Гумон дорӣ чархболи бадҳайбат ҳамту омад?
Вай аспро баҳона карда ҷосусӣ омад. Чанорҳои азимро дида рафт.
Арраву табар оварда бурида мебарад чун ганҷ. Пас дари ганҷинаҳо кушода мегарданд ва мебинӣ, ки дар кўҳистон санг ҳам намондааст... Мо бояд чорае пайдо кунем, то пойи душман ба ин ҷо нарасад. Маҳз барои ҳамин кор рост аз маҳбас ба ин ҷо омадам.
Вагарна мо дар он дунёи беҳуқуқӣ аҳду паймон карда будем, ки якҷоя баромада сохтору рўзгорро дигар мекунем; дунёе месозем, ки зиндон надошта бошад. Ҳар кас озод зиндагӣ кунад. Касе дар бораи гуноҳу ҷазову сазо андеша накунад; қозиву додситон, додхоҳу додгар набошад. Фармонфармову фармонбардор ҳам набошад. Касеро дигаре барои кори бадаш таъна нагўяд; пўсткандаашро гўям: бадкору бадкирдор набошад. Ҳамин хел оламе шуданаш мумкин, Сағира?»
— Не...
— Чаро?
— Зеро бад зиёд, нек ангуштшумор... Балки нест...
Рўйин баҳузур пушт ба харсанг такя дод; паси сарро ҳам заду дошта истод ва дурудароз ба андеша рафт: «Беҳуда зиндонҳо пур набудаанд... Бадиаш: ононе, ки бадонро ҷазо медиҳанд, хубтар аз бадон нестанд. Ба сари кас меояд, ки ҳуқуқро ба дасти «бадон»
диҳӣ, ки чунин «некон»-ро сазо диҳанд. Кай аз чунин фикру андешаҳо раҳо меёфта бошам. Худои нек дигаронро барои роҳат офарида, вале маро барои хуни дил хўрдан...»
Сағира дер ба андеша рафтани ўро дида, гаштаву баргашта бо гўшаи чашм ҷонибаш менигарист. Ваҷоҳаташро медид. Қиёфаи рўяш дигар ва рангаш дигаргуна мегашт. Фишору сойиш ёфтани дандонҳояш аён буд; худ аз худ чашмонаш танг мешуданд, ангуштонаш мушти сахт мегаштанд. Ў дар ҷомааш кайк даромадагӣ барин меҷунбид, то сардор чизе гўяд ва ҳама шартҳоро вайрон карда чизе пурсад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор