Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Зеро ў он қадар аз андешаи зиёди ноҳақӣ азоб кашид, ки аз тақвиму тартиби зиндон накашидааст...
Аз ин рў баробари ба ҷойи номбурда расидан ў ба Майдон нарафта, ба кўчае чапғалат зад, ки дар он ҷо коре надорад; бояд ба ҷое равад, ки ҷанг нест. Зеро ҷанг касеро аз касе ё чизе озод намекунад, балки мулку мол ва ғуломро аз дасти касе кашида мегирад ва ба сари он ҳазору анд шиканҷа меорад, ки оқибат мардум мегўянд: «Раҳмат ба кафандузди пешина». Вале чӣ кунад, ки то он ҷо расидан пурмашаққат аст. Он мулк зодгоҳи ўст ва мардумаш ҷангро шунидаанду надидаанд. Дар қадим ҳам, дар ҳозир ҳам надидаанд ҷангро. Ҳастанд касоне, ки бадӣ кардан мехоҳанд; оташи ҷанг афрўхтан мехоҳанд, аммо пархош намекунанд. Номи набардро шунаванд, нахуст худашон мегурезанд. Ана дар чунин диёр, ки дар паси кўҳҳои баланд ва дар канори наҳри азим ҷой дорад, Рўйини гуреза ба даст афтода, ҳаққу ноҳақ буданашро исбот карда натавониста, ҳукм гирифт. Замони қадим буд. Ду шоҳиди ноҳақ шаҳодати бардурўғ диҳад, ҳаққатро мегирифтӣ.
Ва имрўз касеро хату хабар накарда аз дарвозаи кушоди диёр ва дари нимроғи зодагон ворид шуд, ки инсоне пешвозаш нагирифт. Хонаашро нашинохт: наход ҳамин вайрона ва як девори сиёҳи дудкашида зодгоҳи ў бошад? Фиғонаш баромад. Аммо садо баланд накард, ки...
Ва онеро, ки ғори гуреза шуда паноҳ бурдани ўро хабар дода буд, суроғ кард. Акбари Паррў оҳиста фиччонд, ки ба Майдон рафтааст; ба марказ. Ҳукумати кўҳнаро воруна кардаанд.
Ба ҳарфи ин марди барҷомонда, ки замони рафтанаш ҳам аз дарди шиками якумра чунин паррў хобида ва лақабдор низ шудааст, бовар мекунад. Аз ин рў баъди бозгашт танҳо ҳамин ҳамсояи барҷомондаро даромада диду ҳол пурсид, ки пас аз сари ў чӣ рўйдодҳое буд дар ин ҷо.
Акбари Паррў ба ин гурезаи бенишон ҳама гапро нагуфт; тарсид, ки оташи хуфта аз нав забона мезанад:
«Ҳоли ман ҳамин, Рўйинҷон. Аз остона берунро намебинам.
Бино ба шунидам душмандор будаӣ, ҳамонҳо... Лекин нагуфтанд, ки онҳо кистанд.»
Пасон Рўйин рост ба ғоре рафт, ки дар пешгаҳи торики он панҷтираеро пинҳон карда буд. Даҳони ғор танаи анкабуд дошт ва хеле партобҳои дигар. Лаҳзае аз мағзаш гузашт; буд замоне сарпаноҳи ў беҳтар аз коху кўшкҳо ва аз ҳамин ҷо бурданд ба дорулахлоқ. Вале ҳоло чунин хотирот ўро аҳамияте надорад: « Дунё месўзад, илоҷе бояд кард.»
Шохи дарахти бодомро шикаст ва тору танаи камарро рўфт.
Пас сар хам карда ворид шуд ба ғор, ки дилаш ҳаросид. Он замон намеҳаросид, ки худ ҳоким буд; ин замон ҳарос дорад, ки бегона шудааст. Шояд море, аждаҳоре маъво гирифта бошад? Панҷтира дар пешгаҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор