Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Генерал!
— Ин ҷо як генерал дорад... Ин манам!
Ва ў беҳушона тир зад ба дар мусалсал; ҷавобе нашунида, тозон ба хонаи дарун даромад. Дарафтид ба духтар ва аз дасти ў сахт дошта ба дами дар овард.
«Кӣ фурўхт маро?!»
Мили таппонча дар чаккаи духтар буд. Бар тақлиди филмҳои нашъамандӣ. Духтари бечораи раҳгум намедонист чигуна айби хеш пинҳон кунад ва ё чун аз дасти гусастахирад ва бохтаақл раҳо ёбад. Назди дар овард: «Ин манам Малиш! Киро ҷуръат аст панҷа бо ман занад?!»
Дами дар бозистод:
— Ҳа-а-а... Ин туйӣ, Сидой? Гумон кардам ягон генерали бегона. Биё! Ина насиби ту будааст!
Ишора ба духтари симтани монанд ба кўдак кард ва беҳушона хандид: «Омухтагимон ҳамин.»
Генерал дуртар меистод. Маънии сухани ўро ё нафаҳмид ва ё эътибор надод. Ҳама гуфтаҳои якгўшаро ёд оварда, муқойиса бо рафтори ў мекард. Қаҳру ғазаб ва шўру оташи хеш фурў нишонда, усулу равиши кор меҷуст ва танҳо сар меҷунбонд.
— Чӣ овард туро, генерал?
— Хабаргирит омадам, Малиш. Моро фаромуш кардӣ...
— Не, ака... Ина! Барои худа..
— Насиб кунад, Малиш... Ба мо ҳам ёфт мешудагист?
Малиш шерак шуд. Ба ҳамроҳаш Салимча, ки пушти ў меистод, чун одат нигарист ва фармуд:
— Пайдо бикун!
Сарбози ҷондор аз паҳлўи ў бурун омаданӣ шуд, вале нагузошташ.
Бангӣ гашта буд Малиш. Бо амру фармонҳои одаткарда ҳар чиз мегуфту зуд аз ройи хеш мегашт. Ба ваҷоҳат, нигоҳ, гиреҳи абрў ва табассуми сохтаву ишораҳои нохоҳами генерал сарфаҳм намерафт. Ё писанд намекард ўро. Олуғда буд ва ба андешаву ниятҳояш гирифтор. Ҳар бори генералро чизе гуфтан ё сабаби омадани ўро пурсидан дар андарунаш оташ аланга мезад чунон ки андар танўр, вале чизи дилхоҳ гуфта наметавонист. Баҳушонаву беҳушона тахмин мекард, ки чунин нобаҳангом ва бехабар омадани ў бесабаб набувад.
— Ху... Ху-хуш омадӣ, генерал!
Аз ҷониби генерал посухе ва ё эътиборе нашуд. Ба худ ғурриду печид. Чашмонаш танг гаштанд муғулона ва гургона ва рўбаҳона.
Хунталаб шуд ва духтараки аз мўяш қабзакардаро ваҷабе пеш тела дод.

пешина
аз 393
навбатӣ