Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ў даст ба гўши дардманд аз миёни шоху шукуфаи буттаву дарахтон менигарист, то кӣ пеш ояд. Ва худ намеҷунбид, то шохи дарахтон наҷунбонад, ки асрор ҳувайдо гардад.
Ва садову нағмаи ҷону ҷонварони дигар ба ҳам ҷўр шуда зиндагиро ифода мекарданд ва ҳеҷ дидаву шунидаи ў ба оҳанг ва нағмаи ростину табиӣ баробар намеояд. «Наход дар чунин айём зеботарин кас мурад? Ай Худои бузург, ту офаридӣ, дигарон куштанд... Ва дигаронро кӣ бояд бикушад?»
Лонаҳои кўҳнаи шохи дарахтон абгор шуда, андар миёни душохаву бисёршохаҳо хасу пар ва сабзаҳои тоза пайдо гаштаанд ба умеди зиндагӣ. Дили ҷонварону дили касро гарм ба ҳаёт мекунанд. Вале Назрӣ дигар чиз мехоҳад: зудтар аз бешаи пурхавф бурун равад ва пайроҳае пайдо карда, то ҷое расад, ки додгоҳ бошаду додрас...
...Ва расид ў то ҷое, ки сухан маъқул кунондан ва ба каси дилхоҳ дучор омадан мушкилтар аз ҳама машаққате, ки якгўша дар тўли роҳ дошт ва кўҳ ба кўҳу сой ба сой ва санг ба сангу ҷар ба ҷар хазидаву кашолу мол то ин макон расид. Худо медонаду худаш азоби роҳро. Ба вижа мардуми одамгурези шаҳр гоҳ роҳ нишон медоданду гоҳе гурез мекарданд, то дар бало намонанд.
Замона чунин: ба сухани рост бовар карда, касеро кўмак расонидан ба сари хеш бало харидан аст...
Вале мегўянд, ки каси дилхоҳи ў нест, ба ҷанг рафтааст. Сидойро мепурсад ў. Афту андом ва гўши буридаашро дида навбатдорҳо ва дарбонҳо масхараомез механданд ва посух медиҳанд, ки каси ба ў лозима нест. Баъзе қиссаи гўши буридаро мепурсанд. Назрӣ посух намегўяд. Аз ин рў ўро рўйи хуш намедиҳанд, Девона пиндошта ба додаш намерасанд.
— Ба ман Сидой лозим, ака...
— Худат Сидойро мешиношӣ?
— Не, ака. Дар телевизор дидаам... Дар ҳаёт намешиносам...
— Ин хел бошад, Сидой нагў. Генерал бигў... Генерал одами хуб...
— Барои хубиш ўро мепурсам. Дигар кас ба доди ман намерасад.
— Чӣ дод дорӣ?
— Напурс... Гўям, забонам месўзад, нагўям, ҷонам...
— Ачатро куштанд? Ататро куштанд?
— Очаву отамро кайҳо кушта буданд. Аз тақдир дониста, тоқат кардам. Вале ба инаш тоқат карда натавонистам... Ана ҳамун генерал нест? Шимаш рахи сурхча дорад. Аз мошини хориҷӣ фаромад-ку?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор