Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Вале «Белорус» хартуми дарозашро ба замин хам кард ва чаҳор кавш хокро кандаву бардошта паҳлў рехт ва нафаре фаромада дар равшании чароғи он гўрро дида ба маънии кофист даст бардошт ва боз назди трактор баргашта, ҳамроҳи тракторчӣ печидаеро бардошта омаданд ва андар гўри кандаи трактор партофтанд...
«Белорус» пас рафту хоки кандаро ба рўйи афканда бел кард ва чаппа гашту рафт. Назрӣ донист, ки ўро низ чунин гўр кардаанд.
Ҳай воҳима гирифт ўро. «Кадом бадбахт бошад?» То пинҳон шудани нури трактор чашм дўхт ба он, ки то куҷо равад. Чароғи он нопадид гашт.
Субҳи козиб дамид. Аз рўйи омадшуди чароғи мошин ў самтҳоро муайян кард, ки дар куҷост. Баъд рў ба рўдхонаи Ёс овард.
Кафтаркаш об хўрд. Либосҳояшро кашида, таконда аз хоку рег тоза кард. Андаруни рўдак ғўтта зада тан покиза намуд. Боз даст ба гўш бурд, ки ба дард омада буд. Гоҳи либос ба тан гирифтан, арақчини баданро напўшид, ки ба сар бандад, то гўши буридааш натобад.
Баъди ин ҳама ў намедонист куҷо равад. Ба деҳа баргардад, ўро мебинанд. Боз ба Малиш хабар мерасад, ки зинда, ҳам ўро пайдо карда дубора мекушад ва ҳам зодагон ва таборашро ба шиканҷа мекашад. Ба кўҳҳо равад; бо гулу гиёҳ рўз гузаронад, ваҳшӣ шавад, пасон қасд ситонад. Вале кўҳ ҳам бекас набувад.
Гурезаҳо, муҷобирон ва бекасони тарсу кам нестанд; низ нобуд сохтанашон аз имкон берун набувад. Замин сахт, осмон баланд.
Чӣ бояд кард?
«Париваш нест... Ба деҳа рафтан суде надорад... Вале Малиш то ба кай ҷавлон занад? Дунёи бесоҳиб рўзе соҳибдор хоҳад шуд.
Малишҳо дар заҳдони модарашон хоҳанд мурд... Вале то он рўз дунё аз дасти чунинон касиф хоҳад буд; Паривашон нахоҳанд монд; ишқу муҳаббат хоҳад мурд; гетиро мурдорӣ хоҳад пахш кард; мурдаҳо бегўру кафан ва ношуста хоҳанд рафт; кам касон бо аҷали хеш хоҳанд мурд; обҳои хунолуд ва мурдабор хоҳанд гандид ва ҳама нопокиҳо, ҳаромиҳо, олудагиҳо хоҳад афзуд... Ва мани танҳо чӣ бояд бикунам?»
Баробари нам ба танаш расида рўҳ гирифтан, ҷон ҳам гирифт.
Ҳушаш омад. Аламаш зиёд гашт. Гўши бурида об дуздида, сахт ба дард омад. Буни харсанг ҷой дорад, то ҷонзоде набинадаш. Зеро ҳама ҷо банд аст аз камондорон. Бўстонсароҳои ба умеди фароғату истироҳат сохтаи ташкилотҳо ва одамон, деҳаҳои кўҳӣ, дараву камару хаволиҳо ҳама пур аз интиқомҷўён. Роҳи гузар нест. Ба дасти ин гурўҳ афтӣ, пўст мекананд, ба дасти он гурўҳ низ ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор