Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ба имои Малиш даҳони ўро бастанд. Замбўрона ғур-ғур мекарду садояш намебаромад. Аммо ситез дошт бар зидди бедодӣ, имкон надошт.
...Ва маг зад ҷаллод: корди тез ба як кашидан сар аз тани духтар ҷудо кард. Ва корди хунин бар рони духтар молида, тоза кард ба тавраш. Ва пойи бозигари ў кордро тела медод. Андар замин тан ҷон меканд ва ҷаллод сари буридаро аз мўй дошта бар ташт ниҳод. Хуни шорон таштро пур карду шорид бар либоси ҷаллод.
Аммо ҷаллод чашм ба фармони Малиш дўхта, аз хунолуд гаштани либосаш бехабар монд. Малиш механдид ба сари бурида ва сари бурида механдид ба Малиш. Чашмонаш кушода ва лабонаш мойил ба табассум, ки аз кирдор розӣ бошад...
Вале он тараф дуртар аз ҷасади бесари духтар ҷасади Назрӣ майлаш ба Париваш беёд, беҷон ёзидааст, то дасташ ба ёр расад.
Ва Малиш механдад рў ба рўйи сари рўйи миз гузошта. Пойҳо болои ҳам ниҳода, дуди нашъа бо наяк дошта, фурў мекашад ва механдад. Дар чунин ҳолат як байти аз китоби дарсӣ ёд кардаашро зери лаб такрор мекунад:
«Ҳар кӣ ба мо дастдарозӣ кунад, Бо сараш, албатта, ки бозӣ кунад.»
— Гурез!
— Лаббай!
— Фармуда будам, ки ин байтро дар латтайи сабз навишта дар пештоқи дарвоза часпонӣ. Кардӣ?
— Мекунам, ге...
— Магаш занед!
Ва риш ҳозир шуд бо корди чархдоштаи рахшон. Гурезро бурданд, вале сарашро ба намоиш наоварданд.
Ва Малиш фармуд:
— Баред ин сарро, сер шудам. Бист-сӣ қадам дуртар аз тан гўронед, ки ба ҳам наоянд. Сабр кунед. Аҷаб зебо буд ин духтар.
Нагуфтед, ки маг назан?
«Гуфтем, вале дер шуда буд!»
— Хайр, боз пайдо мешавад. Духтарони Явроз ҳамаашон зебо...
Магаш занед!!!
Аввал мағзаш бедор шуд дар торикӣ. Фарқ намекард, ки дар
куҷост. Бар ў кўҳ бор кардаанд. Ҷунбида натавонад. Зўру фара
надорад. Дар дунёи дигар. Даст-даст карданист, илоҷи даст ҷунбонидан нест. Садо карданист, даҳон кушода наметавонад. Кандаканда мағзаш бедор мешавад ва боз бори гарон пахш мекунад,
ҳама чиз аз ёдаш меравад. Дар гўр метобад. Аммо гўр масоҳати озоду бофазо бояд дошта бошад, ки ақаллан даст ҷунбонида тавонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор