Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳааа...
— Агар Онҳо шуморо ба чунин ҳолу рўз оварда бошанд, як масъала, агар Инҳо...
— Онҳо! Онҳо! – ҷониби кўҳ ишора карда гуфт ў.
— Сидойҳо? Чолҳо? Ча-чаҳо?
— Малиш.
— Малиш?
— Ҳо.
— Малиш, Малиш, Малиш... Нашунидаам.
— Нашунидаед? Чунин ғаддорро? Чунин нокасро? Бади бадонро?
— Охир ман бо чунинон сару коре надорам, ҳатто дар бораашон фикр намекунам.
— Охир онҳо... Охир онҳо фақат куштанд, хун хўрданд... Чӣ хел?! Овоза нашуд?
— Овоза шуда бошад ҳам, бисёр, ки буданд, аҳамият надодаам.
— Афсўс... Қадаш як ваҷаб буд. Ана ҳамин қадар. – кафи даст андаке аз замин боло дошта нишон дод ў. – Ҷайравор мегашт – сар даруни китфон кашида. Дастаи ғоратгар дошт. Ба ягон тараф шарик набуд. Ҳар тараф зўр барояд, худро ба он тараф мезад ва тороҷ мекард мардумро. Ба ҳамон қаду қомат шавқи духтарҳои хурдро дошт ва бўзбаллаҳо хидматаш мекарданд. Ҳар духтареро зери чашм карда бошад ва ё таърифашро шунида бошад, бояд пайдо карда меоварданд. Ў бо духтарон ҳар коре мехост, мекард.
Пасон «даҳонаш калон, фалонаш калон» гўён маг (мағз) мезад.
Чунки худаш як ваҷаб қад дошт. Лекин хешро шеру паланг вонамуд мекард ва хунхор нишон медод... Ин чизҳо ба шумо лозим не албатта...
— Лозим...
— Ба шумо қиссаи гўши бурида лозим... Лекин ман ин фоҷиаро гуфта наметавонам. Танам ва дилам дард мекунад...
Ман хомўш будам, халалгор нагардам андешаҳояшро. Зеро гулўяш, лабонаш ва парраҳои биниаш ба бозӣ омаданд. Ранги рўяш тағйир ёфт. Хурд гашта, дилаш ба дард омада, хам хўрд, то бинишинад. Ларзид. Шикам ба зонуҳо тира карда, сари по нишаст.
— Пештар бишин, нам кашидӣ. Боди сард сардӣ меорад.
Вале ў ҳарфи маро нашунида ангошт ва гирифтори андешаҳои хеш гашт. Аз ман чизеро паноҳ медошт. Худ бар он андеша меларзид.
— Имом ҳам омад...
Ин ҳарфро низ ношунида ангошт ва ба роҳи омади ў нигоҳ накард. Ё худро дар ин олам намедонист ва ё чизе аз ин дунё диққаташро ҷалб намекард.

пешина
аз 393
навбатӣ