Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сурфиданӣ шудам. Худдорӣ кардам, то натарсад. Вале ў чизеро пай бурд, ки аз об баромада, рўйи тобасанге қарор гирифт ва дам ба дам оби шорони остину домони хешро зеҳн мемонд. Пасон ба шаху шахпорҳои кўҳ нигарист ва осема халтаи обшорро бардошта рафтагор шуд. Чашмаш ба ман афтод. Бозистод, нигарон монд. Халта аз дасташ лағзид бар замин надонистам, ки андохт ва ё аз тарс раҳо шуд. Ман низ бозистодам ва бештар таваҷҷўҳ ба гўшаш кардам; аз пеш низ якгўша аст. Ў ба кирдори сангҳои қадоба ҳайкал гашта буд ва пиндорам чун буд, намедонам. Аз қатраҳои шоридаи домон ва ҷунбиши шилшилаҳои домон пай бурдам, ки меларзад:
аз сардиву сармо ва ё аз тарс, торик бувад маро. Таъзим кардам ба ишораи салом. Ҳамчунон гунгу хамўш ва ҳайратзада буд чун буди якгўшаи афсонавӣ. Сонӣ чӣ маънӣ ва ё хавфу ҳарос кашид, ки пайи гўши буридаро монда, гўши солимро бо кафи чап пинҳон кард. Яқин аз мани бегона ҳаросид. Пеш омадам. Пас-пас рафт.
Халтааш монд. Ба он ҷо расида халтаро хабар гирифтам. Чанд моҳӣ дошт. Халтаро бардошта сўяш дароз кардам. Наомад. Пеш бурдам. Дуртар рафт.
— Натарс аз ман!
Ў сар ҷунбонд. Боз сар ҷунбонд ва боз... Ба пиндорам касе ўро ранҷонда ва ба одам бовар надорад.
— Ба ту коре надорам. Агар моҳӣ фурўшӣ, мехарам.
Ў боз сар такон дод. Гумонам, забонаш низ бурида. Андаки дигар пеш рафта будам, ки хам шуда санге бардошт ба ҳимояи хеш. Сару даст афшондам:
— Ман одами бад нестам! Мехоҳам ба ту ёрӣ диҳам! Гўгирд дорам! Ана дидӣ. Гулхан афрўхта, гарму хушк мешавем. Ҷуз ин гўгирд чизе надорам. Нигар, ман сафедмўй; зўрам ба ту намерасад... Аз ман наҳарос! Дўст мешавем!
Ў ангушт тир карду афшонд: «Сипоҳ!»
Рафтагор шудам. Вале муаммои гўши буридаи ўро надониста рафтанро беҳурматӣ ба касби хеш дониста, ҳезум ҷамъ кардам:
шохча, чинга ва тарошаҳои пештабари ҳезумчиҳоро фаро овардам.
Чун ҳама тар буданд, оташ фурўзон намегашт. Олуғда аз кори хеш гаштам. Ба ў эътиборе надодам. Яке чашмам афтид, ки як бағал ҳезуми хушк дорад ва дуртар аз ман меистад. Хандида ишора ба омаданаш кардам. Ҳезум ба замин гузошту наомад. Гўё ду ноошно, ду ваҳшӣ андар миёни кўҳсор забону нияти ҳамдигарро нафаҳмида ва надониста, мағз гиҷ мекардему ҳарос аз якдигар доштем.
Барои шерак шуданаш ҳезумашро ба оташгоҳ овардам, вале оташ афрўхта натавонистам. Боз нигаристам, ки қабзае хаси хушк дорад ва наздиктар омада.
— Ман шаҳрӣ, саёҳат омадам. Ҳамроҳам аз деҳаи поён: Имом
– аз Чўянгарон. Мешиносӣ?

пешина
аз 393
навбатӣ