Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Сайфулло пиндошт, ки кори хуб накард, дигар ба дар кордор нашуда, ба берун диққат дод, ки садое меояд ё не.
Садое набуд, гўё дар ин хонача маҳкам карда, соҳибони хона ба куҷое рафта буданд. Аз роғи дар ба берун нигарист, дар торикӣ чизе ба чашм наменамуд, таҳлукаю талвосаи кўчборкунӣ набуд, аз рўйи ваъда – маҳтоб, ки баромад, бояд кўчро бор мекарданд, шояд баромадани маҳтобро нигарон бошанд... Не, бе маҳтоб ҳам дар хонадони ў хеҷ гуна тараддуди кўч нест: на хонаашро вайрон кардааст ва на борашро бастааст, фикри ўро ба ҷуз худаш касе намедонад: «Акои Умарбек!» – садо кард Сайфулло, аммо ҷавобе нагирифт. Паҳлўдариро гашта ба ҷояш кашид ва аҳд кард, ки соҳиби хона ояд, вайронкорияшро мегўяд. Ин андеша хаёле аз фикраш гузашт, вагарна вақти чунин андеша набуд, хаёлаш ба кирдори соҳибхона банд буд ва ба таги ин кор ақлаш намерасид.
«Акои Умарбек!» – боз садо кард Сайфулло ва гўш ба ҷавоб ба роғи дар бурд, аммо ҳама ҷоро ором дида, баргашта, рўйи намад нишаст ва пушт ба девор такя дод. «Чаро дарро занҷир кардааст?
Барои нагурехтани ман? Ё барои безобита накарданам?» Аранге ба гўшаш садои одамӣ омад, боз парида хеста ба дар наздик шуд ва хеле бадиққат гўш дод; садо аз ҳавлиҳои дигар меомад, аввал кам-кам садо шунида мешуд, сонӣ ба мағал гашт; садои дашном меомад, ки аз накўчиданаш касе исрор мекард. Сайфулло донист, ки ин садои Умарбек не ва ў дар ин наздикиҳо набудагӣ барин.
Гумон меравад, ки аҳлу аёлашро гирифта аз ин ҳавлӣ ба куҷое рафтааст ва танҳо барои аз сирраш огоҳ нашудани мардум, дар ба рўйи ў бастааст. «Акои Умарбек! Ҳо, акои Умарбек!» Ин дафъа Сайфулло дарро тела надод, балки мушт зад. Аввал оҳиста ва якка-якка, сонӣ сахту тез ба дар мушт зад, аммо дар зарби мушти ўро дошта натавониста, бо паҳлўдарӣ берун рафт. Сайфулло боз дарро дошта ҷониби худ кашид, ки кори хуб намешавад. Одамӣ ҳамин хел: на тоқати гармо дораду на тоқати сармо – дарро кушода баромаданӣ мешавад, вале дар афтида роҳ кушода шавад, онро бозмедорад, ки кори хуб нашуд. Ҳамин вақт аз рўйи ҳавлӣ садои сурфаи мардона баромад, ки номи Умарбекро гирифта мепурсид: «Кўчро бор карда шудед, Умарбек» ва ҷониби дари афтида меомад. Сайфулло пай бурд, ки он кас бегона аст, овоз набаровард, балки худро пас кашид, вале дар равшании чароғи давра ўро дидан душвор набуд.
— Умарбек!?
— Умарбек нестанд! – сар ба ҷойи дари афтида дарун кардани мардакро дида ҷавоб дод Сайфулло.
— Куҷо шуданд? Кай кўчашомро бор мекунанд?
— Ман ҳам мунтазир, ки кай бор мекунанд... Магар ягон ҷо рафтаанд, ки ҳойшон намебарояд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо