Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Пул агар дар киса нестат, сайри бозорут ғалат» мегўяд халқ ва ман андеша мекунам, ки пул надошта бошӣ, аз остонаи хонаат дуртар намеравӣ, суханат асар надорад, корат равнақ намегирад, дегат намеҷўшад, теғат намегузарад; теғи касе бурро мешавад, ки пул дошта бошад. «Аспи одами серпул бидав мешавад» ин сухани падарам, аммо он вақтҳо ман ин ҳарфро ба маънии аслиаш мефаҳмидам...
… Ба хона даромадани Боҳоҷӣ андешаҳои маро парешон кард.
«Ҷеғ задаанд, тез гашта меоям» гуфту баромада рафт. Амаки Юсуф дигаргун шуд. Ранги рўяш дар ин хонаи нурбор, ки аз сақф ҳам, аз деворҳои ойинабандӣ ҳам қандил месўхту равшан мекард, ранги рўяш тағйир ёфт; андешаманд гашт, худ аз худ мушакҳои рўяш мепарид... Акнун диққати маро бештар ў ҷалб мекард; пул, сақф, паҳлўҳои ойинабандӣ аҳамият надоштанд. Рангаш дигар шуд, ба назари ман ё ба гумонам: таги дилаш сиёҳӣ баровард.
Равшан дидам, ки оҳ кашид, аммо баланд не, балки нафасашро аз димоғ баровард...
Амаки Юсуф даҳони лўлаҳоро баст; ресмони аз даруни нифаи лўла гузаронидаро таранг кашиду баст ва вазнин хест аз ҷояш.
Нафаси дароз бароварда хест ва дари миёнаи тахмонро кушод ва лўларо бар рахти лўлаҳои дигар гузошт. Боз дарашро пўшид.
Азбаски амаки Юсуф бо танаш пеши тахмонро гирифт, шумурда натавонистам, ки чанд лўлаву болишт ҳаст. Ҳамин қадарашро дидам, ки ҳамаи лўлаву болиштҳо ҷилддор буданд ва тахмон ба андозаи лўлаҳо буд ва ё лўлаҳо ба андозаи тахмон дўхта шудаанд. Агар тахмони Боҳоҷӣ мисли тахмонҳои одамони ба ин кор шавқманд шишабандӣ мешуд, баъди дарро пўшидан ҳам лўлаболиштҳоро шумурдан мумкин буд, азбаски тахмони ў ойинабандӣ буд, болиштҳо ба чашм наметофтанд.
— Ҳушат наравад, тез-тез даста бикун...
Ба ман буд ҳарфи ў, ба мани ҳушбохта. Мазмун, ў аз мушоҳидаҳои ман: даҳон яла монданам, ба андеша рафтанам... чӣ рамуз гирифт, ки пушаймон тофт, аммо ман хурсанд будам; хурсанд будам, ки чунин кору рафторро дидам ва ягон вақт рост ояд, ба касе ҳикоят мекунам. Ва ҳамон вақт ба сарам зада буд, ки касе ба ҳикояти ман бовар намекунад, балки маро ба девонагӣ мебарорад.
— Кай бармегардем, амак?
— Баргаштан намегурезад. Ҳозир ҳам хоҳем, рафтан мегирем...
Фаҳмидам, ки маро оварда, пушаймон шуд. Лекин намефаҳмидам, ки чаро дар бораи пул ва соҳиби он чизе намепурсам, устои хонасохтаро донистан намехоҳам; ойинаи зиёд диққати маро ҷалб намекунад...

пешина
аз 393
навбатӣ