Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ў танҳо дар ин хонаҳои нимобод чӣ кор мекарда бошад... ва намедонам, ки онҳо ба ҳамдигар кӣ мешаванд, инаш ҳам, онаш ҳам ягон чиз намегўяд, ки кас аз рўйи муроҷиаташон дарёбад.
— Амак, бевақт шуд, ман куҷо меравам?
— Ҳамроҳи ман меравӣ! – бепарво ҷавоб дод ў ва афзуд: – Говбон доштем, аз хар афтида пояш шикастааст...
Ҳамроҳи амаки Юсуф говҳоро пеш андохта, ба говхонаи колхоз бурдем, амаки Юсуф ба саройбон чизе гуфт ва аз сарой аспро бароварда савор шуд ва ба ман фармуд, ки ба пушти зинаш шинам.
— Некон меравем, амак?
— Не, шаҳр!
— Не, шаҳр намеравам… додом парешон мешаванд! – мақсад он буд, ки амаки Юсуф район равад ва маро назди арўсак гузорад, ман худамро ба беморӣ зада оҳу воҳ кунам, арўсак сари маро дорад...
— Бишин, пушаймон намешавӣ...
Дар пушти зини ў нишаста мерафтам, лекин дилам аз паси асп лағжида мефаромад ва пас тохта то назди арўсак мерафт ва рў ба рўйи ў маъсумонаву маҳзун қарор мегирифт...
Ман чунин хонаро бори аввал дидам. Дар деҳаи мо масҷидҳо гаҷкорӣ, меҳмонхонаҳои баъзе касон гаҷкорӣ, вале ба зайле ки хонайи Боҳоҷӣ бошад, дар ягон ҷо нест. Ба ном меҳмонхона, аммо ба хаёли ман он ҷо касе намедарояд, агар лозим нашавад, намедарояд. Бар қади самти офтоббарои ҳавлӣ хона, бар қади самти шимол хона; пешайвонҳои барқад дорад, вале меҳмонхонаи офтоббаро аз ҳама аҷибу ғариб: ойинабандӣ аст сақфаш, деворҳояш. Қандили хонааш аз сақф ҳам, аз паҳлўҳо ҳам метобад; дастархонаш ҳам дар сақф метобад, аммо меҳмонхо сарзеру сарнагун метобанд. Пиёлаҳо сарнагун, чояшон намерезад, чойникҳо пастгуна сарпўшашон намеафтад... Ва даҳони ман яла аз сақф ба зер менигараму намеафтам... ва боз ба ёди ман афсонаҳои момову бобоям меояд, ки замоне ҳама чиз сарозер мешавад, мегуфтанд...
ман худамро сарозер дидам ва чашм пўшидам, то афтиданамро набинам. Аз ҳама аҷибаш он ки тоқии амаки Юсуф, шапкаи пешбаланди амаки Боҳоҷӣ аз сарашон намеафтид... Тахмону меҳроби хонаи ў низ ба тахмону меҳроби хонаи дигарон монанд набуд: ба ҷойи шиша ойина буданд; хона дарозу тўлонӣ менамуд. Дар ин хона як кас сад кас метофт ва як чиз сад чиз... Ман дар паси зини амаки Юсуф шалпар шуда омада бошам ҳам, ҳисси кунҷкобиам бедор гашта, шавқам афзуда буд ва мехостам ба ҳар ойинапораву тахтаойина нигарам, худамро не, дигаронро бинам. Зеро худамро дар шибдори хона дида, дилам монд, ки ба он сару либос дар ин хонаи озода нишастаам: Тоқиам пўпакдори гардак, куртаам бўғакдор, эзорам... беҳтараш нагўям: на ба шим мемонад ва на ба поҷомаи урфӣ. Росташро гўям, ба ранги шим дўхтагӣ, аммо даҳани пояш танг, ҳалқаҳои тасмагузаронӣ ҳам дорад, аммо ман ба ҷойи тасма ресмони канаб гузаронида сахт бастаам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо