Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пурсу посух зиёд шуд, ба ҷонаш расонданд... оқибаташ…
Дар ҳавои гирифта ва дилбазани шаҳр меваҳо хуб намерасанд, ангур мепўсад, себ кирмғўҷ гашта мерезад. Ягона чизе, ки хуб ба воя расид, хурмост. Дар ҳавлии хурду танги мо низ як бех хурмост. Ҳоло ҳама баргаш рехта, хурмоҳои ба тухми рангдода монандаш сари шохҳоро хам кардаанд. Модарам як лаълӣ чид аз он хурмоҳо ва ба хонаи дарун даровард. Даву ғеҷаш зиёд буд субҳ: дарвоза ва дару деворҳоро собуншў кард, бозор рафта омад, зирбаки ошаш тайёр, нони самарқандӣ харид аз нонвойи хамсоягузар. Дасташ ба кор, чашмаш ба дарвоза буд. Ба назар ситеза дошт, ба ман коре намефармуд. Ҳар лаҳза даҳонам пур мешуд, ки пурсам: «мехмон дорӣ, оча?» забонам намерафт, медонам, ки чӣ ҷавоб медиҳад. Мазмун, меҳмони азиз, барои ҳамин ҳама корро ҳалол карданист. Дилёб намешавад, ки ба ман фармояд. Вале пиндори ман дигар: «Отам меояд оча?» Забонам намегардад ба пурсидан. Пурсу бин…
Гоҳи шом меҳмон омад. Ҳамон амаки «бемор» буд. Модарам зуд кафшҳои ўро гирифта дар ҳаммоми паҳлў руст кард, худашро ба хонаи дарун даровард. Қуттии сўзандоруро бар оташ гузошт, то ман донам, ки «бемор» баройи табобат омада. Мўрвор ба хонаи дарун ҳама чизро даровард, ош кашида овард, ба ман фармуд:
— Рав, аз дег ош кашида хўр!
Сағира буданамро яқин кардам. Назди падар равам гўям, ўро ба кадом шаҳри дур хондан фиристодаанд... Лекин ў дар дилу дидаи ман. Илоҷе надорам, ки бинам. Чӣ андоза дўст дорам ўро; падари болобаланди бовиқори озодаро, ки аз нигоҳаш хона рўшан мешуд. Аммо чӣ бало зад, ки рўзамон тира гашт.
Агар модарам ба ғазаб ояд, «аз падарат қасдамро мегирам»
мегуфт. Шояд қасдситониаш ҳамин бошад?
Телевизорро гирондам. Садояшро баланд кардам. Ҳамон замон модарам баромад аз хонаи дарун: «Амакаш бемор, асабаш вайрон, сахт мерасад…»
— Маҳмудро нишон медиҳад, оча!!!
Баланд гуфтам. Модарам ҳайрон нигарист ба ман. Сар андохтам. Ў низ чизе нагуфт. Телевизори хомўш кардаашро гиронд, садояшро паст карду боз даромад. Як духтараки зебо дар ойинаи ранга пайдо шуд, хандон буд ва лабонаш хунин, нихоят болида эълон кард: «Тамошобинони мўҳтарам, инак воқеаҳои хунини баҳманмоҳро пешкаши шумо мегардонем!» Ханда мерехт аз даҳонаш ва ҳамин зайл паси пардаи сиёх ғайб зад. Ба ҷойи ў қатори ҷавонон пайдо шуд, ки ливою лавҳ дар даст ва сари синаҳо доштанд. Дар латтаву коғазҳо ҳар гуна шиор навишта буданд, чунон ки борҳо шўру балвои ҷавонони хориҷиро дида будем. Ин намоиши дохилӣ буд ва шиорҳо низ ба забони тоҷикӣ буданд: «Сарварони ҳукумат ба истеъфо бароянд!»

пешина
аз 393
навбатӣ