Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Андешаҳои ман ва хаёли модарамро рабуд. Хостам битозам ба дарвоза. Модарам пештар рафт аз ман ва баробари мушт кўфтани модари Маҳмуд дарвозаро боз кард.
— Ҳамсояҷон, мемурад; отаи Маҳмуд мемурад!
Ў чунон гуфт, ки бори маънӣ ба Маҳмуд афтод: гўё мурдани шўяш эътибор набуд, мурдани падари Маҳмуд эътибор буд. Чизе напурсид модарам, тохт ба он ҷониб. Ман нарафтам. Андешидам, ки мурдан чун мешавад, модарам биёяд, маро мурда дарёбад...
Сабил монад андешаҳои мағшуш, сари касро гаранг мекунад.
«Оқибаташро медонам: модарам худро мезанад, мўй меканаду рўй, пушаймон мешавад аз гуфтааш, ду даст ба сари зону зада фарёд мекунад... маро баргардонда наметавонад, чунон ки ҳамсоя Маҳмудро. Не, марги Маҳмуд дарс аст, набояд модарамро азоб диҳам. Рафтам ба хонаи эшон. Падари Маҳмуд рўйи замин мехобид. Кафк мерехт аз даҳонаш. Модарам тохт ба хона. Дору оварду сўзандору ва дасти нокори ўро дида, фармуд, ки ёрии таъҷилӣ ҷеғ занад, Ёрии таъҷилӣ омад. Дер омад ва дер моломол дорад. Падари Маҳмуд рўйи замин хоб аст. Духтур ҳолу аҳвол мепурсад, сабаб меҷўяд, варақа пур мекунад… падари Маҳмуд рўйи замини лучу сард ҷон меканад.
Ба назарам, падари Маҳмуд азоби оламро кашид: ўро ба тобут андохтанд, ба мошин бор карданд, зани ў аз модарам хоҳиш кард, ки забони табибонро медонад, ҳамроҳашон равад.
Ман аз танҳоии хеш тарсидам, ки ба хона дароям. Назди модари Маҳмуд истодам. Модари Маҳмуд кокулони майдабофи маро рўйи каф дошта бўйид ва гирист: «Насиб набудаст.» Нафаҳмидам, ки чиро мегўяд.
Он марди ношинос ба дарвозаи мо наздик шуд. Дер истод назди дарвоза ва даст ёзида, мушт зад. Садои дарвозаи мо маълум.
— Кӣ лозим, амак?
Ў як қад парида паҳлў гашт ва он саволашро такрор кард:
— Бубахшед, хонаи Маҳмуд ҳамин аст?
— Не, ана он хонаи пешгахи тангкўча!
Сар ҷунбонд ў ва сўйи дарвозаи онҳо рў овард ва парешон шуд:
— Ман саҳв кардам. Дарвозаи ў ба дарвозаи шумо монанд буд,
— Сабр кунед, шояд пайдо шавад.
Ў сабр накард. Рафт.
Модарам омад. Рост ба хонаи ҳамсоя рафт ва ба модари Маҳмуд гуфт, ки шўяшро дар беморхонаи сактаи дил хобонданд,
— Пеши потон мурам, ҳамсоя!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо