Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тахмин модарам шаб барои ман омада буд, то натарсам, боз сари субҳ рафта, ки идома диҳад навбатдориро. Дилам меларзад.
Гумонам кори ноҷое бояд шавад. Мазмун, сахт гирифта модарам корро ва аз пайи падарам афтода. Вагарна барои навбатдории якшаба ин андоза гарифтор намешуд. Вуҷудам гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама андўҳи олам ба сари ман бор мешавад ва ман ин санги вазнинро бардошта натавониста ба балое гирифтор мегардам ва…
ва мешавад коре, ки касе чашмдор набуд.
Сахт гирифтааст модарам. Ин зайл набуд, ба одаму олам коре надошт ва парво намекард ба ҳар чиз. Ҳоло ҳама ташвишро гирифта ба худ, яксара карданист оламро. Яксара кардани ў оламро гарон аст, ё бо худ коре карданист ё бо падарам. Боз ба сари ман бор мешавад ғами олам. Хубаш, ман кунам ин корро, то нақшаҳои модарам нимкора намонад. Зеро ман дар рўзгор нишонае надорам, намедонам чӣ кор кунам ва маънии зиндагӣ чист, намедонам. Гўё зиндагӣ аз рўз шудану шаб иборат бошад: хуфтану хестан ва хўрдану хуфтан... Ҳо, модарам як навъ сарфаҳм меравад ба зиндагӣ, вале ман кулўх. На хонда тавонистам мактабро, на кор мекунам ва на роҳи мурданро медонам. Чӣ мешавад, агар ин корро кунам?
Модарам биёяду маро...
Метарсам... метарсам, ки мурдаи маро дида заҳракаф мешавад ва бўй мегирад мурдаи ҳардумон дар ин ҳавлии танги бобоям харида, бобои модариам… То хабар меёбанд, ки…
Гумон надоштам, ки баъди андўҳи имшаба боз ба лаби модарам табассум меояд. Ў шодон омад ба хона ва майл кард, ки мўйи дирўз шустаамро теппакокул бофад. Аввал ҳайрон мондам аз рафтори ў ва баъд шод гаштам, ки бо падарам оштӣ кардааст.
Гумонам ў махсус мебофт мўйи маро, то ба касе хуш оям, аммо ба дили ман намеғунҷад чунин кор. Хушнудӣ доштам таҳи дил, ки модарам фараҳ дорад. Сари забонам меомад, ки пурсон гардам аз падар... забон мегазидам. Ў кокули нимбофтаро аз чапу рост пеш мепартофт ба сари синаам ва ман идома медодам бофтанро.
Нафаси гарм мерасид аз паси гарданам чун нафаси зиндагӣ...
— Оча!
Ў садо набаровард. Ё медонист, ки ман чӣ мегўям ё мунтазир буд, ки ҳарфамро гўям. Вале на ман садо кардам, на ў. Андешаам дар замирам нобуд гашт. Шукр кардам, ки нагуфтам. Боз хафа мешуд ва ё сарзаниш мекард. Эҳсос мекардам, ки шасти нафасаш гашт, андаке сард шуд.
— Пўпак андозам?
Ҳайрон шудам, ки чаро чунин мепурсад. Ягон бор пўпак наандохта буд.
— Нуқрапўпак?
— Ҳо!

пешина
аз 393
навбатӣ