Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва боз як чиз, ки то алвақт пай набурда будам: дар қафаси синаам чизе метапид ва «гуп, гуп, гуп!» садо мекард. Танг шуд нафасам. Хобида натавонистам. Сар бардоштам, ба модарам нигаристам, ки бо ҳаракати ноҷо бедораш накунам. «Чӣ лозим чунин зиндагӣ?» якбора ба сарам зад чунин фикр ва баданам ларзид. Мағшуш буд, кароҳат дошт ҳама чиз. Чаро фикри зиндагӣ ба сар зад, намедонам. Шояд барои он бошад, ки аз андешаи зиёд сар ба дард омад, хаста гаштам, беҳуда метофт ҳама ашёи олам.
Падарам пеши назарам омад ва гуфтаҳояшро ёд овардам, ки чаро ин қадар зиндагиро наҳ мезад, дашном медод ва мегуфт, ки аз зери бори зиндагии «номард» зудтар баромадан лозим, вагарна чунон пахш мекунад, ки мисли донае зери санги осиёб орд мегардӣ.
Модарамро нағз медидам, падарамро нафрат доштам. Вале ҳоло падарам пеши чашмам намоён ва равшан омад: табассум дошт дар лабаш, писхандомез буд ва ифтихор дошт, ки ман ҳаётро хуб медонам, ба маъниаш сарфаҳм меравам, оқибат гуфтаам меояд.
Ҳоло мехостам ўро бинам. Маслиҳат пурсам, ки чӣ кор кунам.
Модарам маслиҳат дода наметавонад. Ҳама умр дар андешаи хеш аст, чизе гуфта наметавонад. Ягон чиз пурсӣ ҳам, фикраш ба ҷое меравад. «Кӣ зада бошад ба рўйи синаи ў?» Наход ҳамон хуни хобида андешаи маро нисбати ў дигар карда бошад. Намедонам.
Шояд хаста гаштаам барои ҳамин. Мехоҳам падарамро бинам, лек намедонам дар куҷост. Гўё дар Маскав. Олим шуданист...
Дарро кушодам. Рўйи ҳавлӣ баромадам. Садои турми дар нафорид. Гўё модарамро бедор кард. Баргашта нигаристам. Ба назарам рўпўшро дур андохта хест. Наход гумон кунад, ки коре мекунам бо худ? Дастак надодаам, гумон карданаш мумкин не… Не, ў чизе намедонад аз ҳолати ман. Гирифтори андешаҳои хеш аст. Ман гумон мекунам, ки аз дилаш мегузарад, ки гапу калочаи мактабро ба хона намеорам. Аз ин рў гумонаш ҷизеро пай намебарам, ба ягон кор ақлам намедавад. Замину осмон такорў шавад ҳам, коре намекунам Ман беҳуда гумонҳои ноҷо мекунам.
Намефаҳмам, ки чаро рўйи ҳавлӣ баромадам. Барои модарро санҷидан? Вай бедор нашудааст, вагарна ў сахтхоб набуд. Ба боди домон бедор мешуд. Садои дар ҳам бедор накард. Маълум, ки монда шуда ё ҳушу хаёлаш ҷамъ аст. Ё аз тиреза мепояд маро?
Ҳеҷ кор карда намешавад. Мебинад ў. Сиррам фош мешавад. Пасон намегузорад, ки як қадам танҳо гардам. Хаёли ботил. Чунин ҷуръат надорам.
Равон шудам сўйи ошхона. Намедонам, чӣ ҷустам. Дар тараққас кушода шуд ва модарам ҷаста баромад:
— Парвона!
Шах шудам. Модарам башаст омад. Надонистам, чӣ гўямаш.
Пуршаст омад ва як торсакӣ ба бари рўям зад. Нафаҳмидам.

пешина
аз 393
навбатӣ