Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Меомад, дигар ҷо мерафтем, ин ҷо нашуд».
Пагоҳ дар доми амаки Қурбон харгўш афтид. Ў аз ду гўши харгўш дошта, сўйи Бозор алвонҷ дода гуфт:
— Ма, ина гиру кабк те.
— Як бор фиреб кардед, бас не?
— Фиреб не, вай меояд.
— Ояд, харгўшро бурда бо башконатон мехўред.
Сари амаки Қурбон хамтар шуд; ба қадри худ сўхт, ки як сағераи бекасу кўй бо вай ҳамзабонӣ мекунад. «Агар баччаи худам мебудӣ, як лингата таг мекардаму як лингата рў» – ба гўши Бозор омад ва дид, ки авзои мардак беҷо шуд: харгўшро аз гўшҳояш не, балки аз пойҳояш доштааст ва чунон ба сари ў мезанад, ки мехча барин ба фарқи замин меравад. Бозор беихтиёр пас рафт ва сонӣ пас-пас рафта аз ў дур шуд. Ба назари ў қомати амаки Қурбон баланд метофт: кўзи пушташ ҳам ҳамвор шуд ва баракс ба назараш дар назди қомати мисли бурси мазор рости мардак вай кўзпушт метобад.
«Ба ман кордор нашав, кабк медиҳам, ҳамаашро медихам.
Аз нн зимистони қаҳратун, ки баромадам, аз чанголи гургон, ки эмин мондам, дигар мурдан намехоҳам... Он вақтҳо ба мурдан розӣ будам – вақтҳое, ки аз ҷафои Ориф-фитна бо балоҳо рў ба рў шуда будам... Вале ҳоло мурданӣ нестам. Як рўз не, як рўз падару бародарамро ҷустуҷў карда аз паяшон меравам...»
Мустафо омад. Орд овард. Рўйи тобасанг хамир кард. Зери оташ кўмоҷ хобонд.
«Мустафо, бардор, зудтар хўрем».
«— Ҳоло хом – хамир».
Дар хаёли Бозор чунин як гуфтугўе шуд. Ба рўйи Мустафо нигоҳ кард. «Гушна мондӣ? – пурсид Мустафо. «Нее! Бовар намекунам, ки зери оташ кўмоҷ хобонда бошӣ».
«Худам ҳам бовар намекунам».
— Чойҷўша пеш каш! Алоба кушт! – гуфтугўи онҳоро бурид ў.
Кўмоҷ варам карда чанбари дойира барин гашта буд, Ба назари Бозор моҳ дар назди ин нони калон кулча метофт. Дастони Мустафо сўхт – кўмоҷро даст ба даст гардонда болои дастархони шол партофт.
Ба нонро хойида хўрдан дили Бозор намешуд. Мемакид, байни кому забон мемакид; чунон ки як вақтҳо синаи модарро ҳамин хел мемакид. Вай чашмонашро пўшида ба хаёл рафт, ки аз нав ба дунё омадааст ва синаи модар мемакад. Онҳо нонро хойида мехўрданд, вале Бозор мемакид. Пиндошт, ки як газ нон дар даҳонаш бошад, ў як умр сер: бо лаззати он, шираи он, бо бўйи он.
«Мустафо, бахши маро ҷудо карда деҳ, ман мисли шумо хойида хўрда наметавонам» – ҳамин хел гуфтанӣ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё