Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамин ҷо! – гуфтам ба ў ва зуд ба ошхоша рафтам, ки модарам ба абрўяш усма мекашид. Аз ҳолати ташвишомези занак ҳайрон шуда ба модар хабар додам. Модарам шуст усмаи нагирифтаро ва зуд ба дарвоза рафт.
— Отам олоӣ мегўяд, як укол мекардед, мурам пеши потон.
Ман намефаҳмам дарди отаи ўро ва дилам чандон ба ў намесўзад, ки дили он зан ба падараш месўзад. Падари худро ёд мекунам ва дилам гум мезанад барои ў.
Модарам меравад ба хонаи ҳамсоя. Чойи дамкарда хунук мешавад, аз гулўям чизе намегузарад. Иштиҳо надорам. Гушна меравам ба мактаб. Табъам гирифта, дарс ба гўшам намедарояд, ба саволи муаллим ҷавоб гуфта наметавонам.
— Ба ту чӣ шудааст, Парвона? Толибаи беҳтарин будӣ?
Ҷавоб гуфта наметавонам ба ин саволи муаллима ҳам. Пас ў мефармояд, ки модарам наздаш ояд. Ман ин хабарро ба модарам мерасонам. «Чӣ кор доштааст?» мепурсад модарам, ба ин пурсиш низ посух дода наметавонам. Гўё ба ҳамааш ман гунаҳгор бошам.
«Чӣ азоб аст зистан!» Худамро баркамол мепиндорам, ки дар боби рўзгор муҳокима ронда метавонам. Вале ҷавобе намеёбам, ки чаро зиндагӣ чунин аст? Гўё мурдагӣ. Ҳама чиз беранг, беҷон, бепадар.
Пур андеша мекунам. Ҳасад мебарам ба ҳамсояҳо. Коре надоранд ба илму олимӣ, ба санъат, ба адабиёт, ба ташвиши зиёд. Гўр сўзад, дег ҷўшад; ба кори савдо мезананд худашонро. Онҳо як-ду нафар нестанд, як шаҳр одам, кадом солҳо кўчида омадаанд, дар маркази ин шаҳри навбунёд маскан доранд, ба ҳеҷ чиз корашон не, ба ҷуз савдо. Аҷаб мардуме, зиндагиашон ба зиндагии дигарон намемонад. Ором, хомўш, корашонро дониста мекунанд, занонашон кор намекунанд, лекин кадбонуҳои пазандаву созанда, ҷилави рўзгор дар дасташон, асрори рўзгор нуҳуфта медоранд ва кўдакони онҳо кўдакистонҳоро банд мекунанд ва қариб писаронашон ба хизмати ҳарбӣ намераванд; роҳи зиндагиро хуб омўхтаанд.
Ва модари ман баъзе чизҳо аз эшон омўхта, ки асрори хона ниҳон медорад ва касе гумон намекунад, ки мо бепадар ҳастем.
Модарам баргашт аз назди муаллима, аммо чизе нагуфт. ман ҳам хомўш ва андеша мекунам, ки муаллима аз вазъу рафтори ман ба очаам гуфт ва ў чӣ ҷавоб дод, худаш медонад. Ба ҳар ҳол ғамист, гарифтатар метобад; зону оғўш мекунад, нохун мехояд.
Ҳарчанд медонад, ки ин кор аз рўйи одобу фаросот нест. Ў низ табиб, покизагиро аз ҳама боло медонад. Аммо…
Ин пагоҳ усма кашида буд модарам ба абрўвонаш. Мазмун, рўзи хушиаш буд, аммо аз мактаб бедимоғ баргашт. Ва завқи оростани хешро накард. Ба кор не, бозор рафт. Ҷаъ-ҷаъу пудинаи навруста овард. Самбўса пухт. Ҳамон зайле ки дар дастархони сафед мебурд, табақчаҳои такурўро печонда бурд. Ними шаб омад.
Хап буд.

пешина
аз 393
навбатӣ