Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Шаб ёфтам.
— Ҳа... ёфтед! Набошад, ба ман диҳед. Соҳибаш барояд, медиҳам.
— Не-не. Худам медиҳам.
— Ба кӣ?
— Ана ба вай...
— Калидро монеду ба кор равед.
— Читу ба шумо дурўғ нагўм, ба он участка дигар намеравам.
— Хайр, наравед, каси дигар меравад.
— Шумо ҳам тарафи ҳамонҳоро мегиред.
— На тарафи шуморо мегираму на тарафи онҳоро. Гапатонро хоида занед.
— Ҳа, хоида...
Дарича бошиддат пўшида шуд.
VII
Комбайн ба кор даромад. Гандум чун оби шаршара ҷорӣ мешуд. Мошинҳо дар роҳи байни саҳрову анбор тор метаниданд.
Ду чашм гаштаву баргашта аз тирезаи ақиб ба пас менигарист.
Чашми дигаре гурбавор ба комбайн дўхта мешуду Раҳим бепарво омада мерафт.
Офтоб охирин қувваи ҷонбахши худро ҷамъ намуда, абрҳои доманаи осмонро оташ гиронд. Абрҳо ба назар аланга мегирифтанд.
Пардаи хокистарранги тунук, ки торафт селонвор сиёҳ мешуд, домани худро ба рўи замин пахн кард.
Мағфират дар сари рул нишаста фикр мекард, ки ҳаёт аҷаб мураккаб аст ва куҷост он кас, ки ба гирудорҳои он сарфаҳм равад.
Афсўс, ки ҳама зуд маънии ҳаётро фаҳмида наметавонад. Шавҳари аввалини ў чӣ? Ўро чун гарди домон афшонда, бо дўшизаи таннозе волгасавор аз наздаш гузашта рафт. Магар ў дуруст кард? Магар ў хушбахт шуд! Бахт чист? Чаро зиндагӣ он хел нест, чунон ки баъзан дар китобҳо менависанд? Чаро?
Мағфират чунон ғарқи андеша гашта буд, ки ба чапу рост морпеч рафтани комбайнро надида монд.
Боз шаб фаро расид. Мағфират ба ғанаб мерафт. Гўё ки чизе аз паҳлўи ў нихта мекарда бошад, парида-парида мехест.
Раҳим ҳар боре ки бармегашт, духтарро дар хоб медид ва як-ду снгнал дода бедор мекард.
Мошин ба паҳлўи комбайн гузашта истод. Сояи он ба пеш афтида буд. Раҳим ин дафъа сигнал надод, чароғи мошинро хомўш карду дароз кашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо