Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сиёҳ баргашта сўяш нигоҳ карда, аз роҳаш бозистод; ҷониби Бўр омад; ҳамин ки наздик шуд, фўк ба фўк ҳамдигарро бўй кашиданд, гардани ҳамдигарро хойиданд, мисли ду тани ҳамдигарро кайҳо боз надида, пазиройӣ карданд, сонӣ ба гўши ҳамдигар чизе гуфтанду маъқул нашуд, ки қад ба қад рост шуданд, ки ба якдигар пирўзӣ кунанд, ресмони гардани Бўр халалдор буд. Сиёҳи маст баландтар парида аз гардани Бўр пахш кардан мехост ва ҳамин тавр ҳам шуд: ба гардани Бўр даҳан зада газид, сар додан намехост, сахттар мегазид, Бўр мехост, ки гурехта худро халос кунад, ресмон халал мерасонд, аммо ба доштани Сиёҳ кўмак мекард – ресмон аз пештанаи Сиёҳ гузашта як нўгаш ба мех, нўги дигараш дар гардани Бўр буд. Қурбон аз буни девори оғил дошта, пеш рафт, то Сиёҳро дорад, лекин нашуд, ба доштан аз гардани вай дошту зўраш нарасид: Сиёҳ зўр зад, ресмонро канда, гардани Бўрро раҳо карда, Қурбонро пеш кашид ва ў мадори боздоштани харро накард – ду-се қадам баробари хар тохту сараш дод. Сиёҳ ҳанг зада ҷониби ҳавза рафт ва ба рўдбор фаромад. Қурбон фаҳмид, ки хар бо роҳи омадааш боз меравад.
«Сабил, сайд бо пойи худ омада, ба даст наафтод...»
... Ва ў пагоҳ дар халта гандум гирифт, Бўрро полон зада савор шуд, боз роҳи Ярмро пеш гирифт, вале Бўр ҳамин қадар роҳ рафту дар даҳани роҳи зеризаминӣ раги пояш кашид; ба задану «их!» гуфтан ҳам даруни нақб надаромад, Қурбон маҷбур шуд, ки Бўрро дар буттае бандаду пиёда назди пиразан равад; халтаи гандум, ресмон ва халачўбро гирифта рафт ва дар баромадгоҳи нақб ба Сиёҳ дучор омад. Сиёҳ аз ў нагурехт, балки ўро дарранда гумон карда, гўш хобонда, ҷонибаш тохт ва ҳамон лаҳза аз зарбаи халачўб бозистод ва ҳайрон монд, пас ё пеш рафтанро надонист.
Қурбон зуд ба гардани вай каманд андохт, аз фўкаш ҳалқа гардонд ва боз як халачўб ба думғозааш зад, сонӣ тоб хўронда ба роҳи Ярм кашид. Сиёҳ гардан метофт, вале ҳамин ки ба зарбаҳои дигар дучор омад, аз паси мардак равон шуд: «Ана ҳамин хел, ҳазор набошад, одам ақл дорад, чӣ кор карданашро медонад...
То куҷо мегурезӣ?» ғолибона мегуфт. Ў аз нақб берун омад, хар боз ду-се зўр зад, ки аз дасти одамӣ бираҳад, аммо фўки ҳалқадораш аз итоати ресмон берун намешуд. Ў Сиёҳро дар дарахти зардолу баст ва назди пиразан рафт, ки ў дар дами дари хонааш офтоб мехўрд.
— Ман омадам, оча!
Пиразан сар боло карда дуру дароз ба вай нигарист ва баъди шинохтан пурсид:
— Боз омадӣ?

пешина
аз 393
навбатӣ