Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ҳар-ҳар! Ҷеғ зан, лаънатӣ, ҷеғ зан! Ҳар-ҳар!»
Хари бўри ў ҳанг зад ва садои вай тамом нашуда, хари сиёҳи сари бора сари овози ўро гирифт ва гўш сих кардаву дум бардошта бесаброна сар-сари бора пешу қафо тохт, то роҳе пайдо карда ин ҷониб ояд. «Маълум, ки ту ҳам танҳоӣ, ҷонвар, биё!». Гўшҳои хари бўр низ сих гаштанд: Бўр сўйи Сиёҳ садо медод ва Сиёҳ ин ҷониб чизе мегуфт, вале Қурбон намедонист, ки онҳо пурсу посух мекунанд ва ё аз танҳоиашон меноланд ва ё дўғу пўписа доранд.
«Дўсти ман бошӣ, ҷеғ зада меорӣ!» Лекин ҳаво торик шуд. Ва пагоҳӣ боз Сиёҳ сари бора пайдо гашт; боз Қурбон ба муродаш нарасид. Пагоҳи дигар дари хонаву оғилро занҷир карда, ба сафар баромад: Палораку Роғро гирд гашта, ба Ярм омад – рў ба рўйи Деҳманора, вале харро дар он ҷо пайдо карда натавонист, вақте ки ў аз деҳа баромада буд, Сиёҳ сари бора истода бо Бўр «муколама» мекард, ҳоло нест. Ў деҳаро аз назар гузаронд, сари бора омада пасро хабар гирифт. Сиёҳ набуд; гумонаш, ки рўдро гузашта назди Бўр рафта бошад, бадиққат Деҳманораро аз назар гузаронд. Сиёҳро надид. Медонист, ки Бўр дар оғил аст. Қурбон, ки ниҳоят монда шуда буд, боз бо роҳи дуру дароз боло рафтан нахост. Зарафшонро убур карданӣ шуд, вале пеш аз он боз Ярмро як давр зад, фақат масҷид ва дар паҳлўи он кулбае обод буд. Аз даруни кулба аранг-аранг садои мўя меомаду боз хомўш мегашт, дигар дар гирду атроф нишонае аз зиндагии инсонӣ набуд. Ў лаби марзаи масҷид нишаст, то нафас рост кунад ва донад, ки ин мўягар кист. Дергоҳ садо такрор нашуд ва Қурбон хеста назди дари баста рафт ва кўтоҳ-кўтоҳ сурфид. Ҷавобе нашунид ин дафъа, садо кард: «Ягон кас ҳаст?» ва аз дарун аввал садои нола баромад ва баъд зорию меҳрубонӣ: «Вой, дар омаданат мурам, дар қоматат ҷонам, Раҷабмаҳмад, омадиё?» Дар кушода шуд ва Қурбон рўбарўяш як пиразани хамидақоматро дид; мўҳои пахта барин сафеди ў аз зери қарси чиркин тозатар метофтанд, чашмонаш фурў рафта, лабонаш парсинзада.
— Ассалому алайкум, оча!
— Маҳмараҷабиё?
Аз пурсишаш маълум, ки чашмони ў равшан намедид, барои ҳамин ҳар замон номи писарашро гирифта мепурсид.
— Ман Маҳмараҷаб неям, оча, ман – Қурбон, аз Деҳманора.
— Аз Мачойи нав омадӣ?
— Не, ман нарафтиям.
— Хаёлам, ки аз Мачойи нав омадӣ, Маҳмараҷаба дидӣ... Маҳмараҷаби беимона... Наход, ки ту очата ба ҳамин аҳвол партофта Мачойи нав равӣ. Аҳволи мана бин, қаландарҳо барин, одами дидагӣ метарсад. Дили оча ба фарзанд, дили бачча ба фарсанг.
Баччаҳойи инзамона ҳамин. Ягон мамлакати дигара ном гирӣ, хез мекунанд, манзили худата обод бикун, гўйӣ, мотам мегиранд...

пешина
аз 393
навбатӣ