Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

норбон истода, боз каме барфро гирифта пас партофт сонӣ рўйи
бом баромад; ҳар хонаю сангдевори вайронаро аз назар гузаронд,
ки гургон ҷой нашуда бошанд, сонӣ чашмаш ба пайи онҳо афтод,
ки куҷо мерафта бошанд, буд-набуд, Зарафшонро намегузаранд;
ё паст мераванд ё боло ва ё баргашта меоянд. Ў як бел барф мепартофту ба гирду атрофи деҳа менигарист, ҳама ҷоро аз назар
мегузаронду барф мепартофт, аммо кораш ба кори одами солим
монанд набуд; медонист, ки дар се рўз ҳам ба чунин аҳвол бомро
тоза карда наметавонад, боз барф меборад, боз кораш душвортар
мегардад. Мадораш хушк шуд, дигар барф партофта наметавонист, дасту пояш меларзиданд ва намедонист, ки аз бом чӣ хел
фарояд. Дунбағеҷ фаромаду барфи лаби бом ва зинаҳои набонро
бо либосҳояш рўфта фаромад ва пушт аз норбон нагирифта ба
хаёл рафт, ки бемадориаш аз гушнагӣ ва ё аз беморист. «Одам
нахўрад, намемурдааст, чанд рўз шуд? Ба ёдам ҳам нест. Имшаб
чандшанбе? Инаш ҳам номаълум...» Оғил рафт, дарро калон кушод,
равшанӣ даромад; гову хар нафас бароварданд, вале гўсола паси
модараш пинҳон шуд – ҳаросид. Қурбон даромада, аз гардани вай
дошт, ки аз назди очааш барад, гўсола гарданкашӣ кард: «Медонӣ,
ки зўрам намерасад-а, балоча!» Гов «ҳуум» гуфта пеш омад ва
Қурбон таҳдид карда, онро тарсонда баччаашро бароварданӣ
шуд; гўсоларо тела дода-тела дода аз дар баровард, вале вай аз
равшанӣ ҳаросида боз дарун даромадан хост. Қурбон нагузошт,
ки вай пас гардад, тону нотон то хона бурд ва ба пушташ ҷомаи
кўҳна партофт. Сонӣ оташ гиронд, то гарм шавад ва барои хўрдан
чизе омода созад, чойҷўшро об пур карда болои оташ гузошт,
сатили майдаро гирифта пеши гов рафт, то шир дўшад, аммо
гов ўро роҳ надод: шох кашида, лагат зад, пўписа кард. Қурбон
шохбанди ўро дар мех баст, хорумол кард, боз нашуд... Рафта
гўсоларо овард, назди вай гузошт, гов баччаашро лесид, думи
гўсола қарқара шуд, мардак фўки гўсоларо ба пистони гов расонд,
ҳар кадоми дораро эдир кард – ду-се қултӣ шир маконд ва андаке
фўки онро тела дода, як-як дораҳоро кашид, садои ба таги сатил
бархўрдани тораи шир баромад ва сонӣ садои сатил гум шуда,
овози ғув-ғуви шир омад, – як садое, ки ба тани мардак равон
бахшид; зиёдтар бўйи шири гарм. Дастонаш ҳам аз дораи гарми
гов ҷон гирифтанд, чарбак шуданд, зери забонаш луоб баровард,
иштиҳояш кушод... монда шуд, мадори дастонаш ҳам хушк шуданд,
дигар дораи говро кашида натавонист, пойҳояш ҳам дард карда,
вазнашро бардошта наметавонист; нишаст, ҳамон зайл сатилро
дошта нишаст, сатилро миёни пойҳояш гузошт: «Кай мепазаму
кай мехўрам...» Сатилро бар сар бардошт, шири гарму хушбўйро
даркашид – бисёр хўрда ва сатилро паҳлў гузошта, сўйи гов зеҳн
монд: «Барака ёб!» Баробари ин суханашро гуфтан қариб ки шир
гашта аз даҳонаш омада буд, таги шикамашро кофт, баъд беҷо кард, ғарора мекардагӣ барин; андаке худро сабук ҳис кард, вале зери обу арақ монд...

пешина
аз 393
навбатӣ