Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Аз роғи дар намуд, ки боз як чиз гузашт ва сонӣ ячанд сар бозикунон барфро тит карда, мулкро бесоҳиб дида, ғалту хез карда, ҳамдигарро хойидаву навозиш карда пешу паҳлўи хона мегаштанд ва аз дари он сар фурў медоданд.
«Медонистам, чароғ мегирондам». Ў ягона чизе, ки аз оғил пайдо кард, полони хар буд, онро паси дар гузошт ва ба рўяш нишаст
– ягона роҳи халосӣ. «Ҳамин шаб хеста, аз шумо бохабар шуданро бинед-дия, бахтатон хандид... Як камон ҳам нест, ки... Ҳама кори ҷаҳон – акс...»
«Алуу! Ҳууҳуу!»
Мўйи сари Қурбон рост шуд, медонист, ки агар гургон якбора ҳамлавар шуда, пештана ба дар зананд, ў тоб оварда наметавонад, хоҳ-нохоҳ аз паси дар парида меравад: «Биё шохатро тира мон, ҷонвар», – оҳиста гуфт ў, то садояшро гургон нашунаванд ва аз роғи дар нигарист, ки онҳо аз хона пўстакро кашола карда берун оварда, лахту палахт мекунанд. «Аҷаб!» – ҳайрон шуд ў ва надонист, ки ин чӣ аломат аст. Пасу паҳлўи оғил гулдур-гулдури тохтутози гургон шуд ва шунид, ки паси сўрохии порупарто нафасу садои пасти инг-инги даррандаҳо меояд ва кадоме аз онҳо ханҷол кашида, ба девор рост шуда, майли сўрохӣ мекунад. Ва Қурбон надонист, ки чӣ кор кунад: сўрохиро ҳимоя кунад ё дарро. Уллос мезананд онҳо – ҳамдигарро ҷеғ мезананд, хабардор мекунанд, ки роғ ёфтем, роғ...
Зери пойи хар садое баромад – садои оҳан ва ў фаҳмид, ки дар он ҷо бояд чизе бошад, ки лозим шавад. Қурбон берун нигарист, ки гургон аз дари хона дур намераванд; кисме он ҷо, қисме паси оғил; зуд рафта зери пойи харро дастмол кард ва чўбе ба дасташ омад, ки ба дастаи каланд ё бел монанд. Пеш кашид, панҷшоха!
Ба дилаш фараҳ омад, ки ақаллан бо гурги аввал муқобилат карда метавонад... Зуд паси дар омад ва боз ба дари хона дида дўхт:
яке ғурру фиши гургон, дўғу даранги онҳо боло шуд, фўк боло карда, дандон тез карда, ҳамдигарро тарсонидан сагона буд ва ў дурусттар диққат дода, яқин кард, ки онҳо – ду тани онҳо думу гўши бурида доранд: «Худоё, дар қудратат мурам, ин чӣ аҷобат аст?» Онҳо чанг ба чанг шуданд, дар ҳаво ба ҳамдигар дандон задан хоста, ҳамла карданд, рўйи барф афтиданд, хойиданд, такорў шуданд, хестанд, боз газиданду хойиданд, дигарон тамошобин буданду ду паҳлавон миёна зўрозмоӣ мекарданд. Паси оғил ором шуд ва яке садои ҳиқ-ҳиқи хар баромад ва ларзону тарсон ҳанг зад. Қурбон дид, ки сўрохии порупарто тира шуд ва ў зуд рафта панҷшоха ба сўрохӣ зад ва чизе гурсӣ худро пас партофт ва боз гашта ба дари хона зеҳн монд, ки онҳо ҷангро бас карда, ҷо-ҷо чукка нишастанд: «Охирзамон шудааст магар, ки сагон бо гургон ёр шудаанд?» – саг будани ду ҷангараро яқин дониста гуфт ў. Хар ҳанг зад, гов бонг гуфт ва аз чунин рафтори онҳо гўсолаву Қурбон тарсиданд, гургон қомат рост карданд ва оҳиста-оҳиста сўйи дар омада, дида ба роғи он дўхтанд ва сагона бўй кашиданд, вале он ду тани ҷангара боз аз хона пўстак кашола карда бароварданд, дигарон ба дари оғил қатор шуданд – ба назари Қурбон тамоми гургони кўҳсори Масчоҳ гала шудаанд ва бо онҳо сагони гурггаштаи деҳаҳои бесоҳиб ҳамроҳанд, саггургон бадтар аз гургон, зиёнашон пеши чашм метобад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо