Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Кампир! – ҳамин зайл, ки шўхиомез ном мебурд, садо дардод.
Вале ҷавобе нашунид. Боз дар мисле ки мекўфта бошанд, садо дод; «Кист? Инсӣ ё ҷинсӣ?» – ва дар ҷавоб чунон шуд, ки дарро канда мепартофта бошанд, аммо турму ғалақаи он мустаҳкам будааст.
Ва боз садои пурдаҳшати бод омад ва дар ларзида садо баровард.
«Туф-туф, сабил мон, заҳрама кафондӣ…» – пичиррос зад ў ва боз гўш дод, ки дар ҳақиқат шамол аст ё на... «Шамол, шамол...
Пайҳоро мерўбад», – хулоса кард ў ва ба намаду кўрпаи лўлакарда такя зад. Ба гўшаш ҳанги хару бонги гов омад, парида хест, вале дарро кушода намешавад, гўё баробари кушодан бало зада медарояд. «Наход ки аллакай гургон бекасии деҳаро фаҳмида омада бошанд?» – Қурбон ғалақаи дарро бардошт, бод дарро тела дод, одам барин тела дод ва боз дарро ҷафс карда ғалақаро андохт...
Бод мисли боди даймоҳ меғуррид, мешўрид, нола мекард, ҳуштак мекашид. Бод меғуррид, вале он дараҷае, ки Қурбон дарк мекунаду воҳима дорад, набуд, балки як ҷаҳр кашида меомад, ба деворҳои вайрона, ба боми худи ў бархўрда боло меҷаҳид ва садоҳои ранг ба ранг мебаровард. Тук, тук, тук, эзорсурхак дарахт нўл мезадагӣ барин садо медод. Нафаси ў танг шуд... уллоси гург буд ё нолаи бод, фарқ карда натавонист: «Хўред, насибатон бошад, хўред, қатори рафтагон як гову хар еми гург шавад боке нест...»
Бод суст ва батадриҷ басанда шуд, ҳама ҷо хомўши хомўш гашт; на бод буд, на гург буд ва на бало... Ў бодиққат гўш ба берун медод, ба назар чизеро чашмдор буд, ба омадани мошину дигарон гумон дошта бошад, аммо ба омадани ҳамсараш умед дошт, имон дошт, ки ў аз роҳ баргашта меояд ва ё ба Бўстон мерасаду ба офтоби тафсони он ҷо тоқат накарда, писарро маҷбур мекунад, ки бозбарад. Вай боди ғуррону бонги ҳайронро фаромўш кард ва пеши назараш омад, ки мошинҳо корвон баста мераванд. «Расида бошанд ё дар роҳ бошанд?» – аз дил гузаронд ў ва чунин андеша андаке парешонаш кард: «Сиҳату саломат расанд-а...» Ноором буд, хоб дар чашмаш меҳмон намешуд, шаби равшан андаруни хона чунон метобад, ки ҳаргиз рўйи рўшноиро надида бошад.
«Ба ҳамин умед хонаю дар карда будам, ба ҳамин умед бачча калон карда будам... Хайр, маззаи оби Деҳманораро ёд кунанд, баргашта меоянд. Наход ҳамин қадар хоки диёр беқадр бошад?
Ман иштирокчии ҷанг, аз ҳама пеш бояд ба мошин савор шавам, будааст, гапа бинед... Ту ба хоки диёр зор нашуда бошӣ, қадри сухани худу хоки диёрро аз куҷо медонӣ, чўҷа! намоянда! Барои ту чӣ фарқ дорад? Хонаи бегона вайрон шавад, ту ғам дорӣ, вале вақте ки хонаи худатро каланд заданд, фиғонат мебарояд... туро дар чунин ҳолат медидам, салом медодам. Охир ин чӣ гуфтанӣ гап – қабри падару модарро ба кӣ монда рафтанд? Мурдаҳо хок шуданд, будааст, дина Мирзоҳасанро гўр кардем, ақаллан намонданд, ки ҳафт пагоҳӣ сари қабр раванд, тавба, инро чӣ гуфтан мумкин?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо