Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳалима паҳлўи серка нишаста ўро оғўш кард – даст ба гардани вай ҳалқа гардонд. Гардани серкаи сафед аз болои китфи чапи Ҳалима гузашта ба хиргоҳ дакка мехўрд. Вай чизеро пай бурд, бўй гирифт ва ё садоеро шунид, ки ором бозистода гўшу ҳуш дод ва сонӣ беқарор гашта, сар аз ҳалқаи дасти духтар бозгирифтанӣ шуда, худро пас кашид. Ҳалима гардани онро раҳо карда хест.
Серка ҷониби кўҳе, ки омада буд, қадам партофт, гардан баланд гирифта қадам зад ва зангўла аз нав садо баровард. Аз он ҷониб
– аз паси теға чангу ғубор боло шуд. Ҳалима яқин кард, ки Ҳаким молро ба оби нисфирўзӣ мефарорад.
Мардони ба кор омада баъди нону ҷурғотро хўрдан «омин»
гуфта хестанд ва чоку чўткаю бел бардошта ҷониби ҷўйи нимкоб рафтанд. Сафар, ки аз рафтори онҳо – серкаро накуштанашон ҳоло ҳам дар ҳайрат буд, аз паси онҳо нигарон монд, сонӣ – вақте ки онҳо дар сари ҷўйи нимкоб саф кашиданд, наздашон рафта баҳси шикофтани кўҳро аз нав кушод.
— Каманди дароз биёр, Сафар, – гуфт Қамариддин.
— Сарҷўйро чен мекунед, ако? – пурсид Сафар.
— Не, Сафар. Камандро дар тор мустаҳкам карда аз миёни коргарҳо баста то ними шах мефарорем ва шахро мебуррем.
— Қурбони ақлатон, ако. Дар рўйи замин шах бурида наметавонему дар ҳавои муаллақ шах мебурем?
— Мулло Қамариддин ақли туро кофтанӣ, Сафар, – пеш омада гуфт Муҳаммадсабур, ки вақти гуфтан як чашмашро кўрак карда, бинии чуккаашро ба назар пеш меёзонд.
— Ҳой, Сафар! Ман шўхӣ намекунам, ҷиддӣ мегўям, – пеш омад Қамариддин.
— Мефаҳмам, ако, лекин мо шахро намебуррем, сўрох мекунем...
Ва он рўз ба шахи сахт мисрону чоку чутка заданд. Аввал кўҳ баромада ҳезуми зиёд фарооварданд. Оташ афрўхта мисронҳоро сурх карданд ва ба мағзи шах фурў доданд; пора-пора канданд.
Ба зарби чоку чутка шахи сахт роғ-роғ мепарид; вай кома шуд, танўра гашт ва батадриҷ ба ғор табдил ёфт. Шах хўрда мешуд, дастҳо обила мебастанд, сарҳо мекафиданд, китфҳо лат мехўрданд.
Дар ин миён коргарони бемузд кўрпаю болишташонро бардошта оварданд. Сафар Душанбе рафта капсулу аманал овард, ки кори машаққатро сабук кард; бо мисрони тафта шахро кома карда, дору мемонданд ва дур рафта ба рўда оташ мезаданд, шах метаркид ва пораҳоро бо замбару замбарғалтак берун мебурданд... Вале чунин кор дер давом накард: Муҳаммадсабур зери шахпораҳо монда мурд. Ўро дастак карда то Сабағ бурданд, гўру чўб карданд... Ва ҳамон рўз Сафар аз кардааш пушаймон шуд – ҳама ҳунаре, ки дар ин обрав сарф карда буд, пеши ин фоҷиа як пул гашт. Мардоне, ки ҳамроҳи Сафар кор мекарданд, «Ин қисмат ба сари ҳар яки мо омаданаш мумкин буд», гуфтанд, вале хешовандони шаҳид дигар хел гуфтор мекарданд.

пешина
аз 393
навбатӣ