Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ако, ако-ако, – нафасаш якка шуда гуфт Гавҳар, – очам омад. Ҳамроҳи Биҷон. Апаамро ҳам дидааст... Ман барои ту омадам...
— Рафтан гир, меравам, – гуфт Умматқул ва сўи магазин рафт.
Як халта орд харида ба дўш бардошт. Дам нагирифта то хона бурд.
Халтаро пеши дар гузошт ва яктаҳашро кашида афшонд.
— Умматқулам, очат садқа! – гўён кампири Чинӣ аз хона баромад ва аз гардани писар оғўш карда, ўро бўсидан гирифт.
Умматқул модарро напурсид, балки сар ба китфи чапи ў монда дергоҳ сукут варзид. Модар сару рўй ва гўшу гардани ўро молид.
Ўро хумори навозиши модар гирифтагӣ барин, якзайл меистод, гўё нафас намекашид. Чинӣ ўро аз оғўш раҳо карда аз зери манаҳ сари хамашро бардошт. Писар сар боло карда як ба сару рўи модар бо меҳр нигарист ва якбора дилаш ях баст, ки пурсид:
— Ёфтӣ?
— «Не» – ба ишораи сар ҷавоб гардонд ў.
— Ҳеҷ гап не, даромада шин, ман рафта ордро биёрам.
Умматқул ғами модарашро дур карданӣ шуда зуд баргашт.
Чинӣ ҳис кард, ки писар писанд накарда рафтани ўро набахшидааст. Дилтанг шуд, баъд аз духтар пурсид:
— Чаро акат зиқ?
— Шумо – пиру кампир зиқ кардетон.
Чинӣ чизе нагуфт ва халтаи гадоиашро аз бурҷи хона гирифта берун баромад.
— Куҷо меравӣ, оча? – аз банди дасти ў дошта пурсид Гавҳар.
— Ҳеҷ ҷо не, берун мешинам... Ягон чизи хўрданӣ ҳаст?
— Не, аком орд овард, акнун...
Чинӣ бар ғўлаи кундаи чормағз нишаст ва аз даруни халтааш чанд халтача баровард. Халтачаҳо орд, гандум, мавиз ва бурдаҳои нони коқ доштанд.
— Ҳў, духтарам, як коса об биёр! – Гавҳарро ҷеғ зад ў.
Духтарак як коса об овард. Чинӣ нонпораҳои қоқро бар об андохт. Баъди чанд дақиқа нони қоқ мисли фалла мулоим шуд.
Чинӣ бурдаҳои фалларо гирифта хўрд ва ба духтараш ҳам муроот кард.
Гавҳар ҳис кард, ки ба модараш пати танҳоӣ ва бекасу кўйӣ задааст. Мисли гўсфанде, ки аз бозор харида оварда ба рама ҳамроҳ карда бошанд, худро канор мекашид.
Умматқул боз як халта ордро бардошта омад. Онро ба хона надаровард, балки болои ғўлачўб монд. Баъд тоқиашро афшонд.
Фўтаро кушода гарданашро пок кард ва либосашро низ афшонд.
Шояд қасдан бошад, ба модар эътибор надод. Ба хоҳар фармуд, ки хамир хобонда нон пазад ва ба сари кор рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё