Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сонӣ, шабона ба лаби сатил борон рехт, раъду барқ шуд, як нафас басанда гашта, боз чунон жолае омад, ки ба ақл рост набуд. Боз офат, боз садои тўпҳо баромаданд, «боз ҷанг»: ҷанги ҳавоӣ, ҷанги одаму табиати саркаш.
— Соли шум омад,– оқибат кафид раис. Қумрӣ донист, ки ниҳояти ба танг омадани раис аст. Ў ба ҳар чиз то ин дараҷа хафа нашавад ва чунин ба танг наояд. Вазъу ҳоле, ки дар он лаҳза раис дошт, ба гуфтан пеши назари хонанда оварда нашавад, танҳо дастгоҳи суратбардорие лозим буд, ки он ҳолатро ба навор гирад ва баъди сомон шудани корҳо ба раис нишон дода, бинанд, ки одамӣ барои кори ҷамъият, барои ройгон рафтани меҳнати деҳқон то ин дараҷа рўҳафтода ва ғамӣ гардад. Ҳатто Қумрӣ вақти ба хок супоридани падар то ин дараҷа маҳзун нагашта буд. Лекин гузарад, гузараду корҳои ношоиста ба дили кас доғе, асаре гузорад, ҳатто кори ношоистаи табиат бошад ҳам.
Қумрӣ гирудори ҳаворо дида шабона ба идораи раис омад.
Шаб аз шаб гузаштаасту ў барои дилдории раис ин ҷо нишаст.
Онҳо танҳо нестанд, парторг ҳамин ҷо, раиси ҷамоат, сармуҳосиб ва тамоми идоранишинону бригадиру сарзвеноҳо низ ҳозир ҳастанд.
— Соли номард омад,– чӣ кор карданро надониста ва чорае наёфта назди тиреза рафта, шумию нокасию номардии солро такрор ва таҳдид кард ў. Лаб газид, дандон сойид, фақат ашк рехта натавонист. Дар равшании чароғ аз рафтор, қадамгузорӣ, ваҷоҳат, ранги рўй ва андаке кўз гаштани тахтапушташ Қумрӣ пай бурд, ки раис пир шудааст.
— Чӣ бояд кард, духтари командир? – гўё ғам хўрдани Қумриро пай бурда пурсид раис.
— Ҷанг раис, ҷанг...
— Ҷанг,– оҳиста зери лаб гуфт раис ва ба ҳама рўй оварда такрор кард: – Рост, ҷанг бояд кард...
Аз дуродур садои тўпҳо меомад, маълум, ки абрҳоро паррондаву зада болои кўҳсорон бурдаанд ва барқ аз сари кўҳҳо чароғак занад.
Қумрӣ гумон кард, ки шохаи бороне, ки аз ҳама баъд рў-рўи киштзорон борида рафт, ҳама ғаму андўҳ, ҳама бурду балоро ҳамроҳаш бурд ва аз паси худ як ҳавои тару тозаро боқӣ гузошт.
Баҳри дили Қумриро кушод. Дар вуҷудаш хушӣ ва дар танаш ҳаловате пеш омад, рўҳаш тоза гашт, ғубори сари дилаш ҷилбур хўрд. Ба назараш чунин ҳолат бо раис низ рўй додааст, лабони ў табассум доранд.
— Ин борони охирин будагист,..
— Охирин, раис, охирин.
Қумрӣ ҳайрон, ки раис як умр бо котибони райком кормандони Кумитаи Марказию Шўрои Вазирон нишасту хез кунаду бо ин занаки оддии мошинкор, бо модари пири ў, бо тракторчию пахтачин, баробар аст, гўяду шунавад, маслиҳатҳо гирад. Ҳама ин хел не, баъзе касон ҳастанд, ки бо мардуми авом гап заданро раво надонанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Кӣ будани ҷўраатро донистан хоҳӣ, вазифа бидеҳу тамошо бикун».
— Хафа шудед, раис? – малўлу ғамгин будани ўро дида, пурсид Қумрӣ.
— Не-е, хафа не,– сипоҳигарӣ кард раис ва боз бозхости дилашро гуфт: – Гови ало шудем. Муроҷиатнома қабул кардем, дар газетаҳо чоп шуд, ҳама донанд, тарафдорҳо пайдо шуданд... Акнун ин аҳволро бинед. Ин соли нобарорро бинед...
— Ҳеҷ гап не, раис. Кўшиш мекунем, ки қавлу ваъдаи шумо ройгон наравад.
— Ташаккур, дилам пур. Ман бо шумо зинда,– ба онҳое, ки ҳамроҳаш дар идораи колхоз шабзиндадорӣ мекарданд, рў оварда гуфт раис... Аммо чизе ки солҳои сол андар дилу сар бардошта гардад, гуфта натавонист: «Аввал Худо, баъд асп сабаб шуд, ки шумо умри дубора дидед…»

пешина
аз 429