Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд зўр зад, об наомад. Гумонаш, баробари аз ин даргоҳ рафтани ў, ҳама хайру барака низ рафтааст, ҳатто чоҳ об надиҳад. Хост сари наҳр рафта об баста ояд, боз аз нияташ гашт, зеро вақтҳои сулҳу салоҳ ҳам ин корро намекард. Аз нав рўи кат нишаста дурудароз ба андеша рафт.
Гўйӣ танҳо ҳамин лаҳза андешаи зиндагӣ ба сар зад: чӣ будани хонаю дар, чӣ будани рўзгор, чӣ будани зану фарзандро донист ва чӣ кас будани соҳибдаргоҳро муайян кард. Нарм шуд. Табиат гўё фақат ҳамин лаҳза ба тану ҷони вай гармӣ бахшид. Мум барин мулоим гашт ва мисли симоб ҷон гирифт. Танҳо ва танҳо ҳамин лаҳза худро соҳиби даргоҳ ҳисобид ва хаёл кард, ки ҳар чӣ дар ин хонадон хоҳад, раво бошад. Ҳалқаш қоқ шуда, ангур хост. Болои кат баромад ва даст ёзида як дона ангур канда ба даҳон андохт; турш. Лекин ба ҳалқи ташнааш форид ва сари ангур канданӣ буд, ки садои кушода шудани дарвоза ромад. Тори сар як корсон они гарм, аз дарвоза Садафмоҳ даромад. Баногоҳ Додхоҳро дида саҳл монда буд, корсони нон аз тори сараш афтад. Чун нияти болои кат гузоштани корсонро дошт, домодро он ҷо дида, аз нияташ гашт ва рост ба дари хона рафт. Шишарезаҳои роҳрави зери айвон ўро ҳайрон кард, сабаби чунин рўйдодро надонист. «Қумрӣ» оҳиста садо кард ў. Аммо ҷавобе нашунида, корсони нон болои марзаи даромадгоҳ гузошт ва пушти хона гузашт, хеле фурсат гум шуд, сонӣ калид оварда, дарро кушод, боз аз дарун қуфл кард ва дигар набаромад.
Додхоҳ дергоҳ ба умеди он ки модарарўс аз хона барояд, нишаст, чунон дер, ки офтоб ғуруб кард. Ў намедонист, барои чӣ омада буд. Умедканда бархост ва аз дарвоза баромад.
Қумрӣ намедонист, ки ў бо чӣ дили гарму нарм ба ин даргоҳ қадам ниҳода буд, чӣ сари пушаймоние дошт. Баъди ин қадар очакорию отагўрӣ рўи бо вай рў ба рў шудан надошт. Гумон дошт, ки баробари рў ба рў омадан модар чун гурбаи думашро пахш карда хашмӣ фахида сару рўи ўро чангол занад.
— Вай барои чӣ омадааст, Қумрӣ – аз сари остона пурсид модар.
— Мисрончаи дасташро надидӣ? – бо ҳамин гап ҷон халос карданӣ шуд Қумрӣ...
...Аммо аз модар сухан нашунида, Додхоҳ ба саҳнаи театр мебаромадагӣ барин мисрончаро ба кафи дасти чап зада, аз дарвоза даромад, Қумрӣ боз пинҳон шуд ва Садафмоҳ худро ба нодонӣ зада ҷониби ошхона рафт.
«Оча...» дар забони Додхоҳ давр зад ин сухан, вале ифода карда натавонист. Дар дил арзи зиёде дошт, ба гуфтан забонаш намегашт. Ҷуръат нарасад ба ў. «Оча маро бубахш, маро бубахш, оча!!!» дар забонаш давр мегашт. «Гўям ҳам, узр пурсам ҳам, вай нагузарад, аз гуноҳам нагузарад.

пешина
аз 429
навбатӣ